ҶАМЪБАСТИ НИШОНДИҲАНДАҲОИ РУШДИ ИҶТИМОИЮ ИҚТИСОДИИ ШАҲРИ ВАҲДАТ ДАР ШАШМОҲАИ АВВАЛИ СОЛИ 2026

Санаи 8-уми июли соли 2026 дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлати шаҳри Ваҳдат, таҳти раёсати раиси шаҳр Мирзо Исмоилзода, ҷаласаи ҷамъбастии натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Ваҳдат дар шашмоҳаи аввали соли 2026 доир гардид.
Дар он, муовини роҳбари гурӯҳи кории омодагӣ ба Ҷашни 35- солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Ваҳдат, муовини раиси ҶСК "Барқи тоҷик" Абдулло Қурбонзода иштирок намуданд.
Раиси шаҳр Мирзо Исмоилзода, ҷаласаро ҳусни оғоз бахшида, иттилоъ дод, ки дар он муовини роҳбари гурӯҳи корӣ, муовинони раиси шаҳр, роҳбари дастгоҳи раиси шаҳр роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, сардорони идораву ташкилотҳои шаҳрӣ, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, мудирони шуъбаву бахшҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, роҳбарони корхонаю ташкилотҳо ҳузур доранд.
Сипас, иҷрокунандаи вазифаи муовини якуми раиси шаҳр Ғаюрзода Нарзулло доир ба натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳр дар шашмоҳаи аввали соли 2026 гузориш доданд.
Бо таҳлили вазъи соҳаҳо раиси шаҳр барои ҷалби аҳолӣ ба корҳои ободониву созандагӣ, тарбияи наврасону ҷавонон дар руҳияи ватандӯстӣ, ба таҳсили пурра фаро гирифтани кӯдакону наврасон, пешгирии зуҳуроти номатлуб, аз ҷумла бегонапарастӣ, тарғиби фарҳангу либоси миллӣ, бунёди майдончаҳои варзишӣ ва ҷалби наврасону ҷавонон ба тарбияи ҷисмонӣ, ташкили озмунҳои китобхонӣ, таъмини муассисаҳои таълимӣ бо китобҳои дарсӣ, иҷрои нақшаи даъвати ҳарбӣ, истифодаи самараноки замин, риояи дурнамои кишти зироатҳо, фаъолсозии пойгоҳҳои обкашӣ, таъмини рушди соҳаи саноат, бунёди корхонаҳои нав ва ташкили ҷойҳои нави корӣ, истифодаи иқтидорҳои истеҳсолӣ, иҷрои нақшаи андозҳо, беҳтар намудани фаъолияти муассисаҳои соҳаҳои маорифу тандурустӣ, пешгирии вайроншавии оилаҳо ба муовинони раиси шаҳр ва роҳбарону фаъолон супоришҳои мушаххас доданд.
Инчунин, таваҷҷуҳи масъулини соҳаҳо ба ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта, иҷрои босифати буҷет, таъмини нақшаи истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ, самаранок истифода бурдани заминҳо ва омода будан онҳо ба мавсими кишти такрорӣ, вусъати корҳои ободонӣ ба муносибати Ҷашни 35 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бунёди муассисаҳои таълимӣ ва дигар мавзуъҳо ҷалб карда шуд. Ҳамчунин, дигар масъалаҳои муҳими рӯз баррасӣ гардида ба масъулин тавсияҳо дода шуд.
Ҳамзамон, Абдулло Қурбонзода аз натиҷаҳои фаъолият дар таъмини рушди иқтисод, иҷрои нақшаи воридоти маблағ ба буҷет, фаъолияти корхонаҳои саноатию сохтмон, соҳаи кишоварзӣ, маориф, танзими анъана ва ҷашну маросим, кор бо занону ҷавонон, бунёди муассисаҳои томактабӣ, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористию экстремистӣ, пешгирии қонунвайронкуниҳо байни ҷавонон, хурофотпарастӣ ва самаранок истифода бурдани неруи барқ натиҷагирӣ карда, барои бозҳам бештар ба даст овардани натиҷаҳои хубтар ба масъулини соҳаҳҳо тавсияҳо доданд.
Мирзо Исмоилзода, дар хотимаи ҷаласаи мазкур аз тамоми масъулин бори дигар даъват ба амал оварданд, ки баҳри амалӣ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи мо вазифадорем, ки корбариву коргузориро ҷиддӣ ба роҳ монда, дар иҷрои вазифаҳои ба зиммадошта масъулиятшинос бошем, то ин ки ба нишондиҳандаҳои хуб ноил гардем. Раиси шаҳр ба масъулон ҷиҳати дар сатҳи баланд таҷлил гирифтани 35- солагии Истиқлоли давлатӣ ва ҷиҳати иҷрои надастуру супоришҳои Роҳбари давлат дар нимсолаи дуюми соли 2026 супориҳои мушаххас доданд.
Ҳамчунин, дар ҷаласа ба Қодирзода Зарина сардори шуъбаи фарҳанги Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат унвони "Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон" тақдим карда шуд.
Ҳамчунин дигар наворҳо:
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Модар
Модарону бонувони муҳтарам ва хоҳарону духтарони меҳрубон! Мулоқоти идонаи мо ба ифтихори Рӯзи модар дар оғози фасли зебои баҳор, эҳёи тамоми мавҷудоти табиат ва арафаи таҷлили ҷашни Наврӯзи
МАЪЛУМОТИ МУХТАСАР ОИД БА СОҲАИ САЙЁҲИИ ШАҲРИ ВАҲДАТ
Маълумоти таърих ӣ . Ва ҳ дат ша ҳ ри маъмурии тобеи ҷ ум ҳ ур ӣ буда, 17 сентябри соли 1927 бо номи Янгибозор ташкил ёфтааст. Соли 1936 ба Ор ҷ оникидзеобод, соли 1991 ба Кофарни ҳ он ва аз соли



