Дар шаҳри Ваҳдат бахшида ба қабули Қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027–2036» ҳамоиш баргузор гардид

Имрӯз дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 152- и шаҳр бо иштироки муовини Прокурори шаҳри Ваҳдат Қурбонзода Орзу ва ёрдамчии Прокурори шаҳри Ваҳдат Содиқов Шаҳриёр бо омӯзгорон ва аҳли маорифи шаҳр бахшида ба қабули Қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027–2036», ки бо иқдоми Президенти Тоҷикистон пешниҳод гардидааст, ҳамоиш баргузор шуд.
Дар ҳамоиш иброз гардид, ки қабули Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда идомаи мантиқии сиёсати сулҳпарварона ва башардӯстонаи Тоҷикистон мебошад. Ин санад барои таҳкими ҳамдигарфаҳмӣ, муколамаи тамаддунҳо, ҳифзи арзишҳои фарҳангӣ ва тарғиби ғояҳои сулҳу ҳамзистии осоишта дар сатҳи байналмилалӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.
«Қабули ин ташаббуси муҳим аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ далели эътирофи нақши созандаи Тоҷикистон дар таҳкими сулҳу субот, рушди ҳамкории байналмилалӣ ва густариши фарҳанги сулҳ мебошад»,-илова гардид дар ҳамоиш.
Ҳамзамон, гуфта шуд, ки чунин иқдомҳо барои тарбияи насли ҷавон дар руҳияи ватандӯстӣ, таҳаммулгароӣ, эҳтиром ба арзишҳои умумибашарӣ ва ҳифзи сулҳу амният аҳамияти бузург доранд.
Дар анҷом барои дар амал татбиқ намудани ҳадафҳо ва вазифаҳои вобаста ба тарғибу ташвиқи муҳтавои даҳсола, инчунин, тақвияти корҳои иттилоотию маърифатӣ, ташкили чорабиниҳои илмӣ ва фарҳангӣ ва баланд бардоштани сатҳи маърифати шаҳрвандӣ аз ҷониби роҳбарияти муассисаҳои таълимӣ ба кормандон дастур дода шуд.
Ҳамчунин дигар наворҳо:
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Модар
Модарону бонувони муҳтарам ва хоҳарону духтарони меҳрубон! Мулоқоти идонаи мо ба ифтихори Рӯзи модар дар оғози фасли зебои баҳор, эҳёи тамоми мавҷудоти табиат ва арафаи таҷлили ҷашни Наврӯзи
МАЪЛУМОТИ МУХТАСАР ОИД БА СОҲАИ САЙЁҲИИ ШАҲРИ ВАҲДАТ
Маълумоти таърих ӣ . Ва ҳ дат ша ҳ ри маъмурии тобеи ҷ ум ҳ ур ӣ буда, 17 сентябри соли 1927 бо номи Янгибозор ташкил ёфтааст. Соли 1936 ба Ор ҷ оникидзеобод, соли 1991 ба Кофарни ҳ он ва аз соли



