БАРГУЗОРИИ ИҶЛОСИЯИ ШАШУМИ МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ ШАҲРИ ВАҲДАТ, ДАЪВАТИ ҲАФТУМ

01 июл 2026, 13:46
Слайдер / Навид / Соҳаҳо
11
  Санаи 1-уми июли соли 2026, дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, иҷлосияи шашуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Ваҳдат, даъвати ҳафтум доир гардид.
Дар кори иҷлосия раиси шаҳр, муовинони раиси шаҳр, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, роҳбарони воҳидҳои сохтории дастгоҳ, корхонаву муассисаҳои шаҳрӣ, раисони ҷамоатҳо ва вакилони шаҳрӣ иштирок намуданд.
Дар оғози иҷлосия вакилон ба поси хотири фарзанди содиқи Ватан Алишер Мирзонабот, раиси марҳуми Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон дақиқаи хомушӣ эълон намуданд.
Бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷлосияи шашуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Ваҳдат, даъвати ҳафтум оғоз гардид.
Сипас, вакилон котиботи иҷлосияро интихоб намуда, масъалаҳои рӯзнома ва тартиби кори онро тасдиқ намуданд.
Раиси Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Ваҳдат Мирзо Исмоилзода иҷлосияро ҳусни оғоз бахшиданд.
Масъалаҳои зерин дар иҷлосия мавриди баррасӣ қарор гирифтанд:
1. Оид ба рафти иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01 марти соли 2023, №52 «Дар бораи Барномаи маҷмуавии рушди соҳаҳои чорводорӣ, парандапарварӣ, моҳипарварӣ ва занбури-асалпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027».
2. Оид ба рафти иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2021, №567 "Дар бораи Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026».
3. Ҳисоботи раиси Ҷамоати деҳоти Карим Исмоилов оид ба ҷараёни татбики Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот» дар Ҷамоати деҳоти Карим Исмоилов.
4. Ҳисоботи Комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳр оид ба маориф, фарҳанг, тандурустӣ, масъалаҳои иҷтимоию маданӣ, муносибати байни миллатҳо, варзиш ва ҷавонон.
5. Дар бораи ворид намудани тағйирот ба нақшаи қисми даромадҳои буҷети шаҳр дар нимсолаи якуми соли 2026.
6. Дар бораи номгузорӣ намудани муассисаи таълимӣ ва деҳаи шаҳри Ваҳдат.
7. Дар бораи тасдиқ намудани лоиҳаҳои муфассали банақшагирӣ ва иморатсозӣ дар маркази шаҳри Ваҳдат.
8. Тасдиқи қарорҳои раиси шаҳр оид ба ҷудо намудани маблағҳо аз ҳисоби буҷети маҳаллии шаҳр.
9. Тасдики қарорҳои раиси шаҳр.
Вобаста ба ҳамаи маъалаҳои дар рӯзномаи Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Ваҳдат, ҷойдошта бо овоздиҳии вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Ваҳдат қарорҳои якдилона қабул карда шуд.
Ҳамзамон, вобаста ба масъалаҳои мазкур раиси Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Ваҳдат Мирзо Исмоилзода ба муовинони раиси шаҳр, сарпарастони соҳа якҷо бо раисони ҷамоатҳо ва сохторҳои дахлдор супориш доданд, ки бо мақсади дуруст ба роҳ мондани таълиму тарбияи томактабӣ, бедор намудани завқи кӯдакон ба хониш ва баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия дар ҳама муассисаҳои томактабӣ новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқиашон тадбирҳои заруриро роҳандозӣ намоянд. Ҳамзамон, оид ба нақша – чорабиниҳо оид ба истиқболи Ҷашни 35- солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, оид сари вақт пардохтани андозсупорандагон, оид ба даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ва дигар масъалаҳо мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Ҳамчунин, раиси шаҳр оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Роҳбари давлат, татбиқи қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид таҳти унвони “Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027-2036” бо таҳияи барномаҳои фарогир тарғибу ташвиқи фарҳанги сулҳ дар шаҳр суханронӣ намуда, ба муовинон супоришҳои мушаххас доданд.
Раиси Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Ваҳдат Мирзо Исмоилзода оид ба ҳалли камбудиҳои ҷойдошта, самти ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, кишоварзӣ, истифодаи замин ва ҳолати мелиоративӣ, саноат, энергетика, бонк, сохтмон ва меъморӣ, нақлиёт ва коммуникатсия, илм ва маориф, тандурустӣ, фарҳанг, кор бо ҷавонон ва варзиш, сайёҳӣ ва дигар масъалаҳо суханронӣ намуда, дар назди вакилони маҷлис ва фаъолони шаҳр вазифагузорӣ намуданд.
Баён гардид, ки барои арҷ гузоштан ба арзишҳои миллӣ, таҳкими устувори суботи сиёсӣ дар ҷомеа ва пайравӣ аз сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳми босазои худро гузошта, як гӯшаи диёри худро ободу зебо гардонанд.
Дар ҷамъбасти кори иҷлосия раиси шаҳр Мирзо Исмоилзода, вакилон ва кулли иштирокдоронро ба хизмати содиқона барои рушду нумуи шаҳри Ваҳдат, ки як гӯшаи Ватани азизамон мебошад даъват намуданд.
Иҷлосияи шашуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Ваҳдат, даъвати ҳафтум зери навои Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фазои сулҳу осоиштагии кишвари азизамон ҳусни анҷом бахшид.

Ҳамчунин дигар наворҳо: