ТАНТАНАИ БОШУКӮҲИ РӮЗИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ДАР ШАҲРИ ВАҲДАТ

26 июн 2026, 09:35
Слайдер / Навид
1
 Ваҳдат: 26.06.2026. Ҳамасола 27-уми июн дар кишвари азизамон Рӯзи Ваҳдати миллӣ бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил мегардад. Ба муносибати 29-умин солгарди ин санаи таърихӣ имрӯз бо иштироки раиси шаҳри Ваҳдат муҳтарам Исмоилзода Мирзо Иброҳим, роҳбарони сохторҳои қудратии шаҳр ва дигар шахсони расмӣ дар шаҳри Ваҳдат чорабинии тантанавӣ баргузор гардид. Зимни чорабинии мазкур раиси шаҳр муҳтарам Мирзо Исмоилзода баромад намуда, тамоми сокинони шаҳро ба Ҷашни 29 - солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ муборак гуфта, зикр намуданд, ки дар хонадони ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ иқболу саодат, файзу баракат ва сулҳу ваҳдати ҷовидонӣ доимо ҳукмфармо бошад.
Гуфта шуд, ки Ваҳдати миллӣ шукуфоии Ватан аст, зеро дар давлате, ки сулҳу амонӣ, дӯстию якдигарфаҳмӣ ҳукмфармост, он рӯз то рӯз гул-гул мешукуфад ва аз лиҳози сиёсию иқтисодӣ ва фарҳангӣ пеш меравад. Дар Тоҷикистон ҷанги беамони шаҳрвандӣ бесарусомониҳои зиёдро ба сари мардум овард. Аз ин лиҳоз, барои аз навсозӣ ва эҳёи миллат нафаре лозим буд. Баъди пароканда гардидани Иттиҳоди Шуравӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқлоли комили давлатӣ ба даст овард, аммо ҳамчун давлати навбунёд ба бисёр нокомиҳо гирифтор шуд, зеро неруҳои аҳримании дохилию хориҷӣ намехостанд чунин як давлати демократии дар харитаи ҷаҳон зуҳурёфта рушд намояд ва ба камол бирасад. Ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ва дигар ҳодисаҳои нангин тафриқаандозӣ, маҳалгароӣ ва майдоннишиниҳоро ба миён оварданд ва миллати тоҷик рӯ ба парокандагӣ ниҳод.
Хушбахтона, дар чунин вазъи басо сангин моҳи ноябри соли 1992 Иҷлосияи таърихии 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри бостонии Хуҷанд баргузор гардид ва дар рафти он вакилони халқ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Шурои Олӣ – Сарвари давлат интихоб намуданд.
Сипас, чорабинии фарҳангӣ доир гардид, ки дар он сарояндаҳо бо сурудҳои ватандӯстона баромад намуда, ба чорабинӣ шаҳомати дигар бахшид.

Ҳамчунин дигар наворҳо: