ВОХӮРӢ БО СОКИНОНИ ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ БОЗОРБОЙ БУРУНОВ

24 июн 2026, 14:07
Соҳаҳо / Навид
2
 Барои вусъат додани корҳои таблиғотию ташвиқотӣ бобати пешгирии ҳамроҳшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористию экстремистӣ, пешгирии қонунвайронкуниҳо байни ҷавонон, хурофотпарастӣ, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф», мубориза бар зидди гардиши маводи мухаддир ва дигар масъалаҳои муҳим имрӯз дар Ҷамоати деҳоти Бозорбой Бурунов вохӯрӣ баргузор гашт.
Дар вохӯрии мазкур муовини раиси шаҳри Ваҳдат Баҳриддин Мирзозода, сардори шуъбаи Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Ваҳдат Фирдавсӣ Асроров иштирок ва суханронӣ карданд.
Дар вохӯрӣ вобаста ба баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, истифодаи дурусти фарҳанг, бахусус фарҳанги телефонҳои мобилӣ, пешгирии ҳамроҳшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро, роҳ надодан ба таълимоти ғайрирасмии динӣ, тақвият бахшидани ҳисси худшиносию худогоҳӣ ва ватандӯстӣ, риояи намудани танзими анъана ва ҷашну маросим сухан гуфта шуд.
Баён гардид: “16-уми июни соли 2026 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатӣ лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф»-ро ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуданд ва баъд аз қабули Қонун ба он имзо гузоштанд.
Ташаббускори қабули ин қонун Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд. Пешниҳоди Роҳбари давлат аз талоши идомаи сиёсати инсондӯстона, таҳкими суботи иҷтимоӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои ҳамгироии иҷтимоии шаҳрвандоне, ки роҳи ислоҳро пеш гирифтаанд, шаҳодат медиҳад.
Таҷрибаи татбиқи авф нишон медиҳад, ки қонунгузор ба ҳифзи гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд. Маъмулан занон, ноболиғон, шахсони калонсол, маъюбон ва шахсоне, ки ҷиноятҳои начандон вазнин ва миёнавазнин содир намудаанд, таҳти амали авф қарор мегиранд”.
Инчунин, зикр шуд, ки интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ яке аз воситаҳои асосие мебошанд, ки гурӯҳу ташкилоти террористӣ ва экстремистӣ бо истифода аз онҳо ва паҳн кардани ҳар гуна сабтҳои видеоӣ ва наворҳои таблиғотӣ шахсони алоҳида, хусусан наврасону ҷавононро, ки ҳолати равониашон ҳанӯз комил нест, ба сафи худ ҷалб менамоянд. Барои ба доми фиреби онҳо наафтодан наврасону ҷавононро зарур аст, ки фарҳанги истифодаи интернет, аз ҷумла шабакаҳои иҷтимоӣ ва манфиату зарари онҳоро донанд, аз интернет самаранок ва мақсаднок истифода бурда, донишҳои техникию технологиашонро мустаҳкам намоянд.

Ҳамчунин дигар наворҳо: