РАИСИ ШАҲР МИРЗО ИСМОИЛЗОДА БО РАВАНДИ КОРҲОИ ОБОДОНӢ ШИНОС ГАРДИД

Санаи 23-уми июни соли 2026, раиси шаҳри Ваҳдат муҳтарам Мирзо Исмоилзода, бо раванди корҳои ободонию созандагӣ, ки ба муносибати Ҷашни 35- солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёду навсози мешаванд боздид карданд. Бояд гуфт, ки имрӯзҳо ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар шаҳраку деҳоти Ваҳдат корҳои созандагиву бунёдкорӣ босуръат идома доранд ва ҳар нафаре, ки вориди шаҳр мегардад, дигаргуниҳои иҷтимоиву иқтисодиро мушоҳида менамояд. Мардуми заҳматқарини шаҳр ин ҳама ободкориҳоро аз шарофати сиёсати хирадмандона ва ташаббусу иқдомҳои созандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон медонанд. Зикр бояд намуд, ки барои дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани Ҷашни миллӣ дар шаҳр корҳои ободонию созандагӣ вусъати тоза гирифтанд. Ба ин муносибат дар шаҳр беш аз 800 иншооти нақшавӣ то ин вақт наздик ба 780 иншооти гуногунсамт сохтаву ба истифода дода шудааст. Инчунин, зиёда аз 130 километр роҳи маҳаллӣ таъмир гардид. Феълан, дар шаҳр бо ташаббусу дастгириҳои мақомоти марбута, соҳибкорон ва шахсони саховатпеша дар дигар иншооти ҷашнӣ корҳои сохтмонӣ ҷараён доранд.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат минбаъд низ барои иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз тамоми имкониятҳо истифода бурда, Ҷашни бузурги 35-солагии Истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол мегиранд.
Ҳамчунин дигар наворҳо:
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Модар
Модарону бонувони муҳтарам ва хоҳарону духтарони меҳрубон! Мулоқоти идонаи мо ба ифтихори Рӯзи модар дар оғози фасли зебои баҳор, эҳёи тамоми мавҷудоти табиат ва арафаи таҷлили ҷашни Наврӯзи
Ироаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар»
Ироаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар»



