Таҷлили Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон дар шаҳри Ваҳдат

01 июн 2026, 14:25
---
3
 Ваҳдат: 1.06.2026. Имрӯз дар шаҳри Ваҳдат бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон чорабинии бошукӯҳи идона баргузор гардид. Дар чорабинӣ муовинони раиси шаҳр Баҳриддин Мирзозода, Шоира Абдураҳимзода, сардори раёсати маорифи шаҳр Зиёратшо Нарзуллозода, намояндаи шуъбаи рушди иҷтимои ва робита бо ҷомеъ ва дигар намояндагон иштирок доштанд. Нахуст, Баҳриддин Мирзозода баромад намуда таъкид кард, ки ҳар сол чун анъана 1-уми июн Рўзи байналмилалии ҳифзи кўдакон аз ҷониби аҳли башар таҷлил мегардад. Бо шарофати сиёсати оқилона ва хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳифзу ҳимояи оила, кўдак ва волидайн чун меҳвари давлатдории навини тоҷикон маҳсуб ёфта, рукни муҳими ҳаёти ҷамъиятӣ ба шумор меравад.
Дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон бо ҳидояту раҳнамоии Пешвои муаззами миллат таъмини ҳуқуқу манфиатҳои кўдак таҳти назорати доимии давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат қарор дорад.
Ҳамзамон, гуфта шуд, ки ҷомеа аз насли наврас умедвор аст, ки хубу аъло хонанд, ахлоқи намунавӣ дошта бошанд, барои ояндаи кишвар шахсиятҳои бофарҳанг ва ватандӯсту худшинос ва ворисони арзанда ба камол расанд. Миллат, забон ва Ватани худро дӯст доранд ва бо он ифтихор дошта бошанд.
Дар рафти чорабинӣ аз ҷониби наврасону дӯстрӯякони 17 кӯдакистону ширхогоҳҳо ва хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳр ба муносибати ҷашни пуршукӯҳ барномаи мукаммали фарҳангӣ пешкаш карда шуд, ки дар он кӯдакон дар васфи Пешво, Ватан, сулҳу ваҳдат шеъру сурудҳо пешкаши ҳозирин намуданд.

Ҳамчунин дигар наворҳо: