Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд

28 май таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати кишвар, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар он, нахуст, дар бораи лоиҳаи Барномаи пешгирӣ ва назорати диабети қанд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030 ва лоиҳаи Барномаи рушди саноати фарматсевтӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030 гузориши вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ҷамолиддин Абдуллозода шунида шуд.
Таъкид гардид, ки Барномаи пешгирӣ ва назорати диабети қанд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030 бо мақсади коҳиш додани гирифторшавӣ ба бемории қанд ва фавти аҳолӣ аз он, истифодаи захираҳои мавҷуда барои ташхиси бармаҳал, мукаммалсозии ёрии махсуси эндокринологӣ, таъмини дастрасӣ ба ҳама намуди табобат, таҳкими заминаи моддию техникии муассисаҳои тандурустӣ, тайёр намудани кадрҳои илмӣ ва амалӣ таҳия шудааст.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки барои пешгирии самарабахш аз бемории қанд дар баробари чораҳои анъанавӣ, ҳамчунин рӯ овардан ба ғизои солим ва тарзи ҳаёти солим, аз ҷумла аз тариқи машғулшавӣ ба варзишу тарбияи ҷисмонӣ ва сайру гашт дар боғҳои фарҳангӣ ва табиати биҳиштосои кишвар, басо муҳим аст.
Зимни баррасии лоиҳаи Барномаи рушди саноати фарматсевтӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030, аз ҷумла иттилоъ дода шуд, ки мақсад аз таҳия ва қабули он фароҳам овардани заминаи мусоид барои фаъолияти илмию тадқиқотӣ, истеҳсоли доруворӣ, рушди устувори саноати дорусозӣ дар асоси технологияҳои муосир, зиёд намудани маҳсулоти ивазкунандаи воридот, таъмини аҳолӣ ва соҳаи тандурустӣ бо дору ва молҳои тиббии ватанӣ, ба роҳ мондани парвариш, ҷамъоварӣ ва коркарди рустаниҳои шифобахш, инчунин ҷалби сармояи хориҷӣ барои рушди соҳа мебошад.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки барои бумисозии истеҳсоли доруворӣ дар дохили кишвар ва дастгирии соҳибкорони тавлидгари ин маҳсулот аз имконоти мавҷуда васеъ истифода бояд кард.
Дар идомаи маҷлис Раҳим Саидзода, вазири маориф ва илми кишвар, дар бораи лоиҳаи Барномаи ҳифзи ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030 гузориш дод.
Зикр гардид, ки ҳадаф аз қабули ин лоиҳа таҳкими сиёсати иҷтимоии давлат дар самти ҳифзи ҳуқуқи кӯдак, рушди низоми хизматрасонии иҷтимоӣ ва пешгирии ҳолатҳои зуроварӣ нисбат ба онҳо, инчунин, беҳтар намудани шароити нигоҳубин ва таълиму тарбияи кӯдакон мебошад.
Зимни баррасии лоиҳаи Барномаи рушди соҳаи тухмипарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030 Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фаъолияти мақомоти марбутаро дар ин самти кор ғайриқаноатбахш номида, барои ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта супоришҳои мушаххас доданд.
Сипас барномаи рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2026-2030 баррасӣ ва қабул шуд. Зимнан таъкид гардид, ки раванди рақамикунонӣ дар ин соҳа тезонда шавад.
Дар кори Маҷлис, ҳамчунин вазъи истеҳсоли семент ва масъалаҳои вобаста ба таъмини бозори кишвар бо ин маҳсулот мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Таъкид гардид, ки семент имрӯз яке аз маҳсулоти муҳими рушди инфрасохтор, саноат ва сохтмон ба ҳисоб рафта, таъмини устувори бозори дохилӣ бо он аҳамияти муҳими иқтисодиву иҷтимоӣ дорад.
Зикр карда шуд, ки солҳои охир бо дастгирии Ҳукумати кишвар иқтидорҳои истеҳсолии соҳа ба таври назаррас афзоиш ёфта, ҳаҷми истеҳсоли семент аз 300 ҳазор тоннаи соли 2014 ба зиёда аз 5 миллион тонна расидааст.
Ҳамзамон бо ин, Сарвари давлат ба вазъи кунунии бозори семент, аз ҷумла болоравии нарх ва камчинии маҳсулот дар баъзе минтақаҳои кишвар таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуданд.
Гуфта шуд, ки сарфи назар аз афзоиши ҳаҷми истеҳсол, дар фаъолияти як қатор сохторҳои соҳавӣ вобаста ба ҳамоҳангсозии фаъолияти истеҳсолӣ, истифодаи иқтидорҳо, танзими бозор ва назорати фаъолияти шабакаҳои фурӯш камбудиҳо ҷой доранд.
Аз ҷумла, зикр гардид, ки баъзе корхонаҳои истеҳсолӣ дар мавсими фаъоли сохтмон барои таъмир боздошта шуда, инчунин, фаъолияти миёнаравҳо ва дилерҳо дар баъзе ҳолатҳо ба болоравии нархи маҳсулот таъсир расондааст.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки болоравии нархи семент метавонад ба суръати корҳои сохтмонӣ, арзиши манзил, татбиқи лоиҳаҳои иҷтимоӣ ва рушди иқтисоди миллӣ таъсир расонад.
Баъд аз баррасии масъала ба мақомоти масъул барои ба эътидол овардани вазъ ва таъмини бозори дохилӣ бо семент супоришҳои мушаххас дода шуд.
Аз ҷумла, ба Вазорати саноат ва технологияҳои нав супориш дода шуд, ки истифодаи пурраи иқтидорҳои истеҳсолӣ, ҳамоҳангсозии фаъолияти корхонаҳо ва ташкили низоми доимии мониторинги бозорро таъмин намояд.
Ба Хадамоти зиддиинҳисорӣ якҷо бо мақомоти марбута дастур дода шуд, ки фаъолияти шабакаҳои фурӯш ва миёнаравҳоро мавриди таҳлил ва санҷиш қарор диҳанд.
Ҳамчунин, ба Вазорати рушди иқтисод ва савдо, Кумитаи меъморӣ ва сохтмон, Вазорати энергетика ва захираҳои об, Кумитаи ҳифзи муҳити зист, Саридораи геология, Вазорати нақлиёт ва КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» вобаста ба таъмини устувори бозор, рушди иқтидорҳои истеҳсолӣ, беҳтар намудани логистика, таъмини неруи барқ ва риояи меъёрҳои экологӣ супоришҳои дахлдор дода шуд.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки вазорату идораҳои масъул бояд барои ҳарчи зудтар ба эътидол овардани вазъи бозори семент, ҳифзи манфиатҳои истеъмолкунандагон ва таъмини рушди устувори соҳаи сохтмон чораҳои амалӣ андешанд.
Ба роҳбарони Агентии захираҳои моддии давлатӣ ва ҷамъияти “Тоҷикматлубот” дастур дода шуд, ки хариди сементро аз истеҳсолкунандагон ва фуруши онро дар минтақаҳои дурдаст ба роҳ монанд.
Дар робита ба вазъи бозори дохилӣ ба роҳбарони ширкатҳои истеҳсолкунандаи семент барои ба низом даровардани корҳои таъмириву истеҳсолӣ дастуру ҳидоятҳои мушаххас дода шуд.
Масъулини соҳа супориш гирифтанд, ки вазъи бозори сементро пурра таҳлилу баррасӣ намуда, дар муддати як ҳафта ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод манзур намоянд.
Таъкид гардид, ки аз ҳолатҳои ба таври сунъӣ болобарии нархи семент, ки аз ҷониби баъзе миёнаравону тоҷирон ба хотири даромади муфт ба миён оварда мешавад, ҷиддан пешгирӣ карда шавад.
Дар фароварди маҷлис ба Вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ барои вусъат бахшидан ба корҳои ободонию созандагӣ ва омодагии ҳамаҷониба ба истиқболи сазовори ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дастуру тавсияҳо дода шуд. Аз ҷумла супориш дода шуд, ки дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ сифати таълими алифбои ниёгон дар муассисаҳои соҳаи маориф беҳтар карда шавад.
Ҳамчунин дигар наворҳо:



