БАХШИДА БА РӮЗИ ҶАҲОНИИ ФУТБОЛ ДАР ШАҲРИ ВАҲДАТ ЧОРАБИНИИ ИДОНА ДОИР ГАРДИД
Санаи 25 - уми майи соли 2026, дар варзишгоҳи марказии шаҳри Ваҳдат бахшида ба Рӯзи байналмилалии футбол чорабинии тантанавӣ доир гардид.
Дар чорабинии мазкур раиси шаҳри Ваҳдат, роҳбарони сохторҳои қудратии шаҳр, намояндагони касбу кори гуногун ва варзишгарони номбардори шаҳр иштирок намуданд. Пас аз садо додани Суруди миллии Тоҷикистон раиси шаҳр Мирзо Исмоилзода аз таърихи пайдоиши бозии футбол, аҳамияти ин намуди варзиш, саҳми президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон, раиси Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар Рӯзи ҷаҳонии футбол сухан ронда, аҳли ҳамоишро ба ин муносибат табрик ва дар рушди футболи тоҷик барояшон комёбиҳои навро таманно намуд.
Ҳамзамон, зикр гардид, ки боиси хушҳолист, ки Президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA), Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ 9-уми феврали соли 2024 бори нахуст ба Созмони Милали Муттаҳид пешниҳод намуданд, ки нақши футбол дар сатҳи ҷаҳонӣ пазируфта шавад ва бо қабули қатъномаи махсуси Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид расман Рӯзи ҷаҳонии футбол эълон гардад.
Ёдовар мешавем, ки 7 май Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид қатънома дар бораи эълон намудани Рӯзи ҷаҳонии футбол, ки аз ҷониби Президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA), Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ пешниҳод гардида буд, қабул намуд. Бо қабули қатъномаи махсуси Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид 25 май ба таври расмӣ Рӯзи ҷаҳонии футбол эълон шуд.
Бояд гуфт, ки дар рафти чорабинӣ ба як қатор фаъолон ва варзишгарон ифтихорноам ва туҳфаҳои хотиравӣ супурда шуд. Дар охир, барномаи фарҳангии бошукӯҳ бо иштироки сарояндагони ҷумҳурӣ баргузор гардид.
Ҳамчунин дигар наворҳо:




