ТАҶЛИЛ РӮЗИ ОИЛА ДАР ШАҲРИ ВАҲДАТ
Санаи 14-уми майи соли 2026, бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат, дар Кохи маърифати шаҳр бахшида ба Рӯзи байналмилалии оила таҳти унвони “Оила-макони меҳру садоқат” чорабинии фарҳангиву фароғатӣ баргузор гардид.
Дар чорабинӣ раиси шаҳр Мирзо Исмоилзода, муовинони раис, ва оилаҳои беҳтарин ва намунавӣ аз шаҳр иштирок намуданд.
Дар оғоз меҳмонон аз ҷониби бахши фарҳанги МИҲД шаҳр бо мусиқии дилошӯб пазироӣ гардида, аз растаҳо – намоиши ҳунарҳои мардумӣ, дӯзандагӣ, пазандагӣ, хӯрокҳои миллӣ, хушкмеваҳо, гиёҳҳои шифобахш ва гӯшаи “Кадбону” дидан намуданд.
Сипас, оину суннатҳои маросими тӯйи домоду арӯсӣ, аз ҷумла омода намудани арӯс барои гусел, саршӯён ва ғайра ба иштирокчиён намоиш дода шуд.
Дар рафти чорабинӣ навхонадорон аз ҷониби масъулини бахши САҲШ ба таври тантанавӣ шаҳодатномаи ақди никоҳ ва туҳфаҳои омоданамудаи мақомоти маҳаллӣ супорида шуд.
Раиси шаҳри Ваҳдат Мирзо Исмоилзода иброз дошт: «Оила ва суннатҳои оиладорӣ дар оинҳои мардумии тоҷик ба фарҳанг ва маърифати миллати куҳанбунёдамон асос ёфта, он ниҳоди муқаддас эътироф гардидааст. Мақсад аз таҷлили ин рӯз устувор гардонидани оилаҳо, баланд бардоштани арзишҳои оилавӣ ва ҳалли мушкилоти мавҷудаи он мебошад. Зеро беҳтарин арзишҳои инсонӣ, аз қабили муҳаббату садоқат, самимияту вафодорӣ ва ҳамдигарфаҳмиву таҳаммулгароӣ маҳз дар оилаи солим ташаккул меёбанд».
Таъкид гардид, ки барои ҳар як фарди худогоҳу хештаншинос оила муқаддас аст. Устувору пойдории он аз муҳаббати самимӣ ва иродаи қавии зану шавҳар вобаста аст. Оиладорӣ фарҳанги бузургу ҳисси ватандорӣ мебошад. Агар оила солим бошаду назару андешаҳо, иқдому амалҳо дар зиндагӣ солим, дар маҷмуъ ҷомеа солим хоҳад буд.
Дар фарҷоми чорабинӣ ба як қатор оилаҳои намунавӣ ва фаъолзанон туҳфаҳои хотиравии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат тақдим карда шуд.
Ҳамчунин, барномаи фарҳангӣ бо иштироки ҳунармандони ҷумҳурӣ ва шаҳр пешкаши иштирокчиён гардида, ба чорабинӣ шаҳомати идона бахшид.
Ҳамчунин дигар наворҳо:



