БАРРАСИИ МАСЪАЛАҲОИ ДАЪВАТИ ҶАВОНОН БА ХИЗМАТИ ҲАРБӢ 

13 май 2026, 09:00
Соҳаҳо / Навид / Ҷавонон ва варзиш
5

   Санаи 12. 05.2026 дар толори маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат,  ситод оид ба даъвати ҷавонони синни даъват ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид. Дар кори ситод сардори Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳ, муовини якуми вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-лейтенант Саидзода Бобоҷон Абдуқодир, раиси шаҳр Исмоилзода Мирзо Иброҳим,  роҳбарони сохторҳои қудратии шаҳр, муовинони раиси шаҳр, роҳбари дастгоҳи раис, комиссари ҳарбии шаҳр, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва дигар масъулон иштирок карданд.  Аъзоëни ситоди шаҳрӣ аз натиҷаи таъмини ҷавонон ба хизмати Ватан-Модар ва омодагӣ ба он маълумот доданд.
Таъкид шуд, ки мавсими даъват ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз чорабиниҳои муҳими сиёсию ташкилӣ маҳсуб ёфта, барои саривақт иҷро кардани нақшаи пешбинишуда, ҷалби ҷавонон ба адои хизмати ҳарбӣ, ба роҳ мондани корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстиву ватанпарастии ҷавонон, дар руҳияи худшиносию худогоҳӣ тарбия кардани онҳо аз ҳар яки дар шаҳравнд вобастагӣ дорад.
Гуфта шуд, ки ҷиҳати иҷрои саривақтии даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамаи масъулинро зарур аст, ки бо истифода аз имкониятҳои мавҷудаи ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти барои саривақт ва босифат иҷро кардани нақшаи даъвати наваскарон тамоми ҷораҳои заруриро роҳандозӣ намоянд.
Масъулон бо вазифагузориҳои мушаххас суханронӣ намуда, аз ҳар яки масъулин талаб карданд, ки корҳои омодагиро пурзӯр карда, дар фурсати кӯтоҳтарин нақшаи даъватро иҷро намоянд.
Ҳамчунин, Мирзо Исмоилзода ба масъулини сохторҳои марбута дар муҳлатҳои муайяншуда ҷамъбаст намудани нақшаи даъвати баҳорӣ дастуру супоришҳои мушаххас додаанд.

Ҳамчунин дигар наворҳо: