МУСОБИҚАИ ВАРЗИШӢ ОИД БА ТЕННИСИ РӮЙИ МИЗ

11 май 2026, 09:43
Слайдер / Навид / Ҷавонон ва варзиш
7
  Чанде пеш дар толори варзишии Муассисаи давлатии «Мактаби варзишӣ»-и шаҳр, бахшида ба Иди Ғалаба ва дар доира корҳои ободонию созандагӣ ба муносибати Ҷашни 35- солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар асоси дастуру супоришҳои раиси шаҳри Ваҳдат мусобиқаи кушоди шаҳрӣ оид ба тенниси рӯйи миз миёни наврасон, ҷавонон ва калонсолон баргузор гашт. Дар мусобиқа раиси шаҳр муҳтарам Мирзо Исмоилзода, муовинони раис ва дигар масъулини соҳа иштирок доштанд.
Дар мусобиқаи мазкур 3 даста аз шаҳри Душанбе ва 3 даста аз шаҳри Ваҳдат иштирок намуданд.
Ғолибон бо медал, Диплом ва туҳфаҳои хотиравии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат қадрдонӣ карда шуданд.
Зимни ҷамбасти мусобиқа раиси шаҳри Ваҳдат муҳтарам Мирзо Исмоилзода суханронӣ зикр кардаанд: "Мусобиқа бо мақсади дарёфти истеъдодҳои намоён аз байни наврасон гузаронида шуд.
Гуфтан ба маврид аст, ки чунин мусобиқаи варзишӣ ба рушди камолоти наврасон, тарғиби тарзи ҳаёти солим, таҳким бахшидани дӯстию рафоқат байни наврасон равона гардидааст.

Ҳамчунин дигар наворҳо: