Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Фиристодаи Махсуси Президенти ИМА дар Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ Серҷио Горро ба ҳузур пазируфтанд
ДУШАНБЕ, 28.04.2026. /АМИТ «Ховар»/. 28 апрел Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Фиристодаи Махсуси Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ Серҷио Горро ба ҳузур пазируфтанд.Дар ҷараёни суҳбат доираи васеи масъалаҳои вобаста ба ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкории ду ҷониб, аз ҷумла дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, сармоягузорӣ ва амният мавриди баррасии ҷонибҳо қарор гирифт.
Дар ин зимн ба раванди татбиқи мувофиқаҳои дар қолаби “Осиёи Марказӣ–Иёлоти Муттаҳидаи Амрико (C5+1)” бадастомада таваҷҷуҳи алоҳида зоҳир карда шуд.
Пешвои миллат ҳамзамон алоқамандии Тоҷикистонро ба рушду тавсеаи робитаҳо бо Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар ин ва дигар самтҳои барои тарафҳо судманд таъкид намуданд.
Зикр гардид, ки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико имрӯз дар қатори панҷгонаи шарикони сармоягузори Тоҷикистон қарор дорад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар роҳи рушду тавсеаи ҳамкорӣ аҳамияти истифодаи имкониятҳо дар доираи Созишномаи чаҳорчӯбавӣ оид ба савдо ва сармоягузориро (ТИФА) таъкид намуданд. Бо ишора ба зарфиятҳои мавҷудаи Тоҷикистон дар соҳаҳои гидроэнергетика, истихроҷ ва коркарди маъданҳо, саноати сабук, хӯрокворӣ, кимиё, дорусозӣ таҳкими ҳамкории амалии минбаъда дар ин соҳаҳо ба манфиати ду ҷониб дониста шуд.
Рушди зеҳни сунъӣ, инфрасохтори рақами ва рақамикунонии иқтисод, таъсиси корхонаҳои коркарди маҳсулоти кишоварзӣ барои содирот ва ҷалби сармоя дар ин заминаҳо, аз ҷумлаи бахшҳои ояндадори ҳамкории ду кишвар арзёбӣ гардид.
Ҷонибҳо дар робита ба идомаи ҳамоҳангиҳои талошҳои мақомоти дахлдор оид ба татбиқи ин ва дигар ҳадафҳои мавриди манфиатҳои муштарак ба мувофиқа расиданд.
Ҳамчунин дигар наворҳо:



