ОҒОЗИ ФЕСТИВАЛИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ҲАФТАИ КИТОБИ КӮДАКОНУ НАВРАСОНИ ТОҶИКИСТОН» ДАР ШАҲРИ ВАҲДАТ

08 апр 2026, 10:11
Слайдер / Соҳаҳо / Навид / Маориф / Фарҳанг
4
  Санаи 8-уми апрел дар бинои Кохи маърифаи шаҳри Ваҳдат Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз гардид.
Зимни ифтитоҳ иброз гардид, ки ҳадафи асосии Фестивал ҷалби насли наврас ба мутолиаи китоб, ташаккул ва такомули беҳтарин малакаҳои хониш, боз ҳам баланд бардоштани сатҳи фарҳанги иттилоотии кӯдакону наврасон, ҷавонон ва ба ин васила дар замири онҳо тарбия намудани ҳисси ифтихори миллӣ, ватандӯстӣ ва гиромидошти арзишҳои миллию умумибашарӣ мебошад.
Ёдовар мешавем, ки аз соли 1967 ҷомеаи ҷаҳонӣ 2 апрелро ҳамасола чун Рӯзи байналмилалии китоби бачагона бо баргузории чорабиниҳои мухталифи фарҳангӣ таҷлил менамояд. Дар Тоҷикистон низ ба муносибати ин рӯз барномаҳои гуногуни фарҳангӣ доир мегарданд, ки Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» аз ин ҷумла аст.
Аз ҷониби хонандагони фаъол шеъру суруд ва гуфторҳо доир ба китобу гиромидошти он қироат карда шуд. Ҳамчунин, саҳнаҳои тарбиявӣ ва суруду рақс дар иҷрои хонандагон пешкаши иштирокчиён гардид.

Ҳамчунин дигар наворҳо: