«РОҲҲОИ ПЕШГИРИИ ШОМИЛШАВИИ ҶАВОНОН БА ҲИЗБУ ҲАРАКАТҲОИ ИФРОТӢ ВА МАСЪАЛАҲОИ ДОҒИ ҶОМЕА»

08 апр 2026, 15:41
Слайдер / Соҳаҳо / Навид
9
  Зери чунин унвон санаи 8-уми апрели соли 2026 бо ибтикори Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар толори Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №152-и шаҳри Ваҳдат бо фаъолону сокинон вохӯрии судманд доир гардид.
Дар вохӯрӣ раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Рудобаи Мукаррам, муовини раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-майор Шарипов Шомиддин, директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳим Холиқзода ва раиси шаҳр Мирзо Исмоилзода иштирок ва суханронӣ намуданд.
Ҳадаф аз баргузории чорабинӣ баланд бардоштани маърифати сиёсиву ҳуқуқии ҷавонон, таҳкими ҳисси худшиносии миллӣ, пешгирии гаравиши онҳо ба гурӯҳҳои ифротӣ ва баррасии роҳҳои ҳалли масъалаҳои доғи ҷомеа арзёбӣ гардид.
Чорабиниро Рудобаи Мукаррам ифтитоҳ намуда, доир ба мавзуи вохӯрӣ изҳори андеша кард. Номбурда дар баромади худ ба масъалаҳои муҳими арзишҳои миллӣ ва нақши ваҳдати миллӣ дар таҳкими сулҳу суботи ҷомеа таваҷҷуҳ зоҳир намуда, таъкид кард, ки тарбияи ҷавонон дар руҳияи ватандӯстӣ омили асосии пешгирии ҳар гуна зуҳуроти номатлуб мебошад.
Ҳамчунин, Шомиддин Шарипов, дар бораи роҳҳо ва усулҳои пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ андешаронӣ намуда зикр кард, ки тақвияти корҳои фаҳмондадиҳӣ ва ҳамкории зич бо оила ва муассисаҳои таълимӣ метавонад сатҳи чунин хатарҳоро ба таври назаррас коҳиш диҳад.
Дар идома Абдураҳим Холиқзода перомуни таъсири фарҳангҳои бегона ва паёмадҳои он ба ҷомеа сухан гуфта таъкид намуд, ки баланд бардоштани маърифати динӣ ва шинохти дурусти арзишҳои миллӣ метавонад ҷавононро аз таъсири идеологияҳои бегона ҳифз намояд.
Баён гардид: “Барои ба ҳадафҳои нопоки худ расидан аксар ташкилотҳои террористӣ аз эътиқоди динии шаҳрвандон суиистифода карда, онҳоро ба гумроҳӣ мебаранд ва аз роҳи илму дониш мунҳариф месозанд. Ҳол он ки илму дониш ҳеҷ вақт душмани дину имон набуда, балки бар зидди хурофот, бофтаҳои баъзе диндорони камсавод мебошад. Дар чунин шароит бояд шащвандони мо, бахусус, ҷавонон зиракиро аз даст надода, ҳамеша дар фикри ободу зебо гардондани Ватани худ бошанд ва аз чунин гурӯҳҳо худро эмин нигоҳ даранд”.
Дар идомаи чорабинӣ Мирзо Исмоилзода меҳмононро ба шаҳри Ваҳдат хайрамақдам гуфта, доир ба вазъи иҷтимоӣ ва аҳамияти баргузории чунин чорабиниҳо ибрози назар намуд. Ӯ иброз дошт, ки ҳамкории сохторҳои давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар самти тарбияи насли наврас бояд боз ҳам тақвият дода шавад.
Интизор меравад, ки ҳамоиши мазкур дар таҳкими худшиносии миллӣ, боло бурдани маърифати сиёсиву ҳуқуқии ҷавонон ва пешгирии равандҳои номатлуб дар ҷомеа нақши муассир мегузорад.
Гуфта шуд, ки ҷавонон бояд ба қадри неъмате чун истиқлолияту давлатдории миллӣ расидан арзишҳои муқаддастарини давлату давлатдориро дарк намудан ва ҳифз намудани онҳо ин ҳам қарз, ҳам масъулият ва шарафу номуси ватандорӣ, ифтихор аз давлату миллати хеш ва талошу заҳмати ҳар фарди бедордили ҷомеа баҳри худшиносӣ, маърифат ва фарҳанги волои миллӣ донанд.
Дар охир аз тарафи раиси шаҳр ба меҳмонон, барои ҳамкориҳои судман сипосномаи Мақомоти иҷроияҳи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат ва туҳфаҳои хотиравӣ супурда шуд.

Ҳамчунин дигар наворҳо: