ТАНТАНАИ ҶАШНИ БОШУКӮҲИ ИДИ НАВРӮЗ ДАР ШАҲРИ ВАҲДАТ
роҳбари гурӯҳи корӣ намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Ваҳдат оид ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Барқи Тоҷик” Асозода Маҳмадумар Шамсулло, раиси шаҳри Ваҳдат Мирзо Исмоилзода, собиқ раисони шаҳр, роҳбарони сохторҳои қудратии шаҳр, муовинони раис, мудирони шуъба ва бахшҳои дастгоҳи раиси шаҳр, аҳли ҷамоатчигӣ, собиқадорони меҳнат, кормандони касбу кори гуногун ва сокинону фаъолон иштирок намуданд.
Дар оғози чорабинӣ чун анана сокинони меҳнаткаши шаҳр бо оростани хони Наврӯзӣ ва эҳёи расму суннатҳои миллӣ ба идгоҳ ҳозир шуданд. Баъдан, намоиши молу маҳсулот, дастовардҳои аҳли ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳоти шаҳр, анъанаҳои неки Наврӯзӣ, таомҳои миллӣ ва бозиҳои миллии варзишӣ ба намоиш гузошта шуд.
Зимни ҷамомади тантанавӣ, иброз гардид, ки бо заҳмату талошҳои пайвастаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид ба ҳайси Ҷашни байналмилалӣ пазируфта шудани Наврӯз дарак аз он медиҳад, ки ҳанӯз аз замони қадим то имрӯз миллати мо бо холисии ният ва ормони олӣ ҷашнеро падид овардаанд, ки паёми ваҳдату муҳаббат, покию садоқат зебоию нафосат ва бедорию заҳмат мебошад.
Асозода Маҳмадумар сокинони сарбаланди шаҳри Ваҳдатро бо Ҷашни Наврӯзи хуҷастапай табрик гуфта, зикр карданд: “Моҳияту ҳикмат ва табиати Ҷашни Наврӯз ҳамчун рамзи бузургдошти инсон, пайки пирӯзии гармӣ бар сардӣ ва нур бар зулмот, оини бедории табиат, эҳёи тамоми мавҷудоти олам дар тӯли ҳазорсолаҳо ба мардуми мо чун омили иттиҳоду сарҷамъӣ хизмат намудааст. Наврӯз на танҳо ҷашни оғози сол ва эҳёи табиат, балки таконбахши андешаи таҳаммулгароӣ, ваҳдату сарҷамъии инсоният ва дар айни замон омили тақвиятдиҳандаи ифтихори миллии мо мебошад”.
Ҳамзамон, Мирзо Исмоилзода, дар баромади хеш тамоми мардуми кишвар ва сокинони шаҳро бо Ҷашни Наврӯзи бузурги ниёгонамон табрику муборакбод намуданд. Зикр кард, ки соли нави аҷдодӣ-Наврӯзи оламафрӯз аз қаъри асрҳо то ба замони мо расида, муборактарин ва муқаддастарин ҷашнҳои мардумӣ маҳсуб ёфта, ифодагари таҷлили рӯзи нав, соли нав, иқболи нав ва орзуҳои нав, баёнгари тафаккури таърихӣ, симои маънавӣ, сиришти ахлоқӣ, орзую расму оин, ҷаҳонбинӣ ва рукнҳои тамаддуни халқу қавмҳо буда, давоми мантиқии суннатҳои ниёгонамон мебошад.
Ба ифтихори Ҷашни Наврӯз гирду атрофи варзишгоҳ бо шиорҳо ва парчами миллӣ оро дода шуда, дар ҳар канори он сокинону меҳмонон хурсандӣ мекарданд.
Аз тарафи бахши фарҳанги шаҳри Ваҳдат ва сарояндаҳои ҷумҳурӣ барномаи рангини фарҳангӣ баргузор гардид, ки ба чорабинӣ шаҳомати дигар бахшид.
Ҳамчунин дигар наворҳо:
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Модар
Модарону бонувони муҳтарам ва хоҳарону духтарони меҳрубон! Мулоқоти идонаи мо ба ифтихори Рӯзи модар дар оғози фасли зебои баҳор, эҳёи тамоми мавҷудоти табиат ва арафаи таҷлили ҷашни Наврӯзи
МАЪЛУМОТИ МУХТАСАР ОИД БА СОҲАИ САЙЁҲИИ ШАҲРИ ВАҲДАТ
Маълумоти таърих ӣ . Ва ҳ дат ша ҳ ри маъмурии тобеи ҷ ум ҳ ур ӣ буда, 17 сентябри соли 1927 бо номи Янгибозор ташкил ёфтааст. Соли 1936 ба Ор ҷ оникидзеобод, соли 1991 ба Кофарни ҳ он ва аз соли




