ТАБРИКОТИ РАИСИ ШАҲРИ ВАҲДАТ МИРЗО ИСМОЛИЗОДА БА МУНОСИБАТИ ИДИ НАВРӮЗ

21 мар 2026, 06:03
---
1
  Ҳамдиёрони азиз!
Боиси шукргузорӣ ва саодатмандист, ки бо шарофати Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, пайкори созандаву бунёдкорона ва сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имсол низ зери фазои сулҳу амният, ваҳдату ҳамдилӣ Иди Наврӯзи байналмилалиро бо шукӯҳу шаҳомати хосса ҷашн мегиранд.
Бо эҳтиром ва самимият қадами файзбори баҳори нав, фарорасии иди бостонии аҷдоди зебоипарастамон - Наврӯзро ба сокинони меҳандӯсти шаҳр аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат муборакбод гуфта, бароятон саодати зиндагӣ ва рӯзгори пурнишотро орзу менамоям.
Ин ҷашн барои мардуми шарафманди кишварамон бисёр муқаддас аст, зеро Наврӯз аз қадимулайём яке аз василаҳои асосии бақову ҳастии миллат ва истиқлолият, рамзи ватандориву ватанпарастии ҳар як фарди худогоҳ ва бонангу номуси халқамон мебошад.
Наврӯз аз замони пайдоиши худ то ба имрӯз дар ҳаёти маънавии мардуми мо нақши бузург бозида, дар таърихи мавҷудияти худ рамзи худшиносиву худогоҳӣ ва иттиҳоду ҳамбастагии халқҳо аст.
Боиси зикр аст, ки 23-уми феврали соли 2010 бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва якчанд кишварҳои дигари ҷаҳон Иҷлосияи 64-уми Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид бахшида ба ин ҷашни оламафрӯз қатъномаро оид ба «Рӯзи байналмилалии Наврӯз» қабул намуд.
Ҷаҳонӣ шудани Ҷашни Наврӯз барои ривоҷи табодули фарҳангҳо, густариши ҳусни тафоҳуми байни миллатҳо ва таҳкими сулҳу суботи халқҳо нақши муассир мегузорад ва барои муаррифии боз ҳам бештари фарҳангу тамаддуни мардуми ориёитабор мусоидат менамояд.
Баргузории Наврӯз дар сатҳи ҷаҳонӣ моро вазифадор менамояд, ки расму оинҳои неки наврӯзии замонҳои куҳанро аз нав эҳё намуда, ба онҳо шукӯҳу шаҳомати тоза бахшем.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат фаъолияти хешро тибқи дастуру супоришҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон густариш дода, ташабусҳои наҷиби мардумро ҳамаҷониба дастгирӣ ва барои шаҳомату тантанаҳои Наврӯзӣ- 2026 мусоидат менамояд.
Таърих гувоҳ аст, ки Наврӯз ҷавҳари фарҳанги мардуми ориёӣ буда, гузаштагонамон онро чун нахустин рӯзи моҳи фарвардин ва оғози соли нав, ҷашни баҳор, бедории табиат, баробарии рӯзу шаб ва ҷашни аҳди пешдодӣ таъбир кардаанд.
Наврӯз ҷашни баробарии инсоният, оини дӯстиву самимият, таҳаммулгароӣ ва аз дилҳо берун андохтани кинаву адоват буда, ҷашни зебоиву накӯӣ, шукуфоиву арҷгузорӣ ба суннатҳои миллӣ мебошад.
Бояд гуфт, ки яке аз сифатҳои Наврӯз аз нав зинда шудани табиат мебошад ва оғози Наврӯз-оғози сол аст. Яъне, Наврӯз Соли нави аҷдодии мо ба шумор меравад. Аз ин рӯ, мо бояд барои боз ҳам зебову шукуфон шудани табиати Ватани азизамон - Тоҷикистони соҳибистиқлол саъю талош карда, сарватҳои табиӣ ва муҳити зисти онро ҳифз намоем.
Бо умеди хушрӯзию рӯзгори обод қадами мубораки Наврӯзи Аҷамро барои Шумо, ҳамшаҳриёни азиз ва кулли ҳамдиёрон бори дигар табрик мегӯям.
Бигзор Наврӯзи фархундапай ба хонадони мо файзу нусрати нав оварад!
Наврӯзатон муборак бод!

Ҳамчунин дигар наворҳо: