Соли 2026 дар шаҳри Ваҳдат беш аз 22 ҳазор бех ниҳоли дарахтони гуногун шинонида мешавад
https://khovar.tj/wp-content/uploads/2026/02/photo_2026-02-17_07-29-32-300x225.jpg 300w, https://khovar.tj/wp-content/uploads/2026/02/photo_2026-02-17_07-29-32-768x576.jpg 768w, https://khovar.tj/wp-content/uploads/2026/02/photo_2026-02-17_07-29-32-545x409.jpg 545w" sizes="(max-width: 800px) 100vw, 800px" style="float:left;"> ВАҲДАТ, 19.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади татбиқи «Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2040» дар ҳудуди Резервати биосферии Ромити Ҷамоати деҳоти Ромити шаҳри Ваҳдат бо иштироки сокинони ҷамоат, масъулини Мақомоти иҷроияи ҳокимияти шаҳри Ваҳдат ва намояндагони Кумитаи ҳифзи муҳити зисти ҷумҳурӣ бо риояи талаботи агротехникӣ 1000 бех ниҳоли сояафкан, 300 бех ниҳоли ороишӣ ва 200 бех ниҳоли мевадиҳанда шинонида шуд. Дар ин хусус ба хабарнигори АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат иттилоъ доданд.Ҳамчунин бо мақсади беҳтар намудани ҳолати санитарӣ-гигиении муҳити зист, тозаву озода нигоҳ доштани ҷойҳои чамъиятӣ, баланд бардоштани маърифати экологӣ ва таҳкими ҳисси масъулиятшиносии шаҳрвандон нисбат ба табиат ҳашари тозагӣ гузаронида шуд.
Сардори шуъбаи ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Ваҳдат Акмал Каримзода иброз намуд, ки «дар доираи татбиқи «Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2040» мувофиқи нақша соли 2025 бояд 18 ҳазор бех ниҳол шинонида мешуд. Бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат, сокинону соҳибкорон ва кормандони ташкилоту муассисаҳо дар ҳудуди шаҳр 27 ҳазору 121 бех ниҳол шинонида шуд, ки сабзиши он 79,3 фоизро ташкил медиҳад».
Соли 2026 дар шаҳри Ваҳдат беш аз 22 ҳазор бех ниҳоли дарахтони ороишию сояафкан ва мевадиҳанда шинонида мешавад.
Имрӯзҳо сокинони шаҳри Ваҳдат бо истифода аз ҳавои мусоид дар шафати шоҳроҳҳо ва талу теппаҳо машғули шинонидани дарахтони гуногун мебошанд.
Ҳамчунин дигар наворҳо:



