ГИРОМИДОШТИ ХОТИРАИ НЕКИ САРБОЗИ СОДИҚИ ВАТАН! Муассисаи таълимии рақами 150 ба номи Бутаев Олимҷон гузошта шуд

17 фев 2026, 15:46
Соҳаҳо / Маориф / Навид / Навигариҳо
3
 Ваҳдат: 17. 02. 2026. Дар заминаи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади қадршиносӣ ва абадигардонии хотири фарзандони ҷоннисор ва фидоии Ватан дар кишвар силсилаи иқдомҳои судманд амалӣ гардонида истодааст.
Ба хотири гиромидошти хотираи шаҳидони роҳи Ватан ва бахшида ба 33-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, имрӯз бо иштироки муовини раиси шаҳр Баҳриддин Мирзозода, дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №150 чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.
Маврид ба ёдоварист, ки чорабинӣ бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз ёфта, бо дақиқаи хомӯшӣ хотираи шаҳид гиромӣ дошта шуд. Дар идома хонандагон бо шеърҳо ва саҳначаҳои ватандӯстона хотираи неки ҷонфидоёни Ватанро пос доштанд.
Шаҳиди Ватан ҷавони шуҷоъ ва фарзанди далери миллат 16 – уми ноябри соли 2002 дар деҳаи Маҷитони Ҷамоати деҳоти Баҳори шаҳри Ваҳдат таваллуд ёфтааст. Пас аз хатми Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №38 ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста, рӯзи 16- уми сентябри соли 2022 зимни муноқишаҳои сарҳадӣ баҳри ҳифзи хоки Ватан синаи худро сипар намуда, шаҳид гардид.
Имрӯз бо қарори раиси шаҳри Ваҳдат муҳтарам Исмоилзода Мирзо Иброҳим, Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №150-и Ҷамоати деҳоти Баҳор зимни чорабинии тантанавӣ ба номи шаҳиди роҳи озодӣ, сарбози қӯшунҳои сарҳадии КДАМ Бутаев Олимҷон Қурбоналиевич гузошта шуд.
Бояд ёдовар шуд, ки чорабинӣ барои толибилмон ибратомӯз буд, зеро дар он аз ҷасорати ватандӯстонаи ҷавонмарди тоҷик, ки баҳри ҳимояи Ватан ҷон додааст, қиссаҳо карда, рӯҳи шикастнопазири ӯро пос доштанд. Зикр гардид, ки Бутаев Олимҷон фарзанди бовиқору ватандӯст ва ифтихори ҳамдеҳагони худ мебошад.

Ҳамчунин дигар наворҳо: