МАШВАРАКИ КОРИИ РАИСИ ШАҲРИ ВАҲАДТ БО ФАЪОЛОНИ ШАҲР ВА СОКИНОНИ ДЕҲОТИ БОЗОРБОЙ БУРУНОВ

16 фев 2026, 16:42
Соҳаҳо / Навид / Навигариҳо
15
 Ваҳдат: 16. 02. 2026. Имрӯз дар Ҷамоати деҳоти Бозорбой Бурунов бо фаъолони шаҳр ва сокионони Ҷамоат машварати кории раиси шаҳри Ваҳдат Мирзо Исмоилзода доир гардид.
Дар он намояндагони сохторҳои қудратии шаҳр, муовинони раиси шаҳр ва дигар масъулон иштирок доштанд.
Дар оғоз раиси шаҳр оид ба нуктаҳои меҳварии Паём ибрози андеша намуда, аз ҷумла баён доштанд: «Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём яке аз масъалаҳои мубрами рӯзро зикр намуданд, ки ин зуҳуроти номатлуби замони муосир: терроризм, экстремизм, харидуфурӯши ғайриқонунии силоҳу маводи мухаддир ва дигар ҷиноятҳои фаромиллӣ мебошанд. Ин ҳолат мо – шаҳрвандонро водор месозад, ки ба масъалаҳои таъмини амнияти мамлакат диққати аввалиндараҷа диҳем. Чунки пайравони созмонҳои террористиву экстремистӣ барои ноором сохтани вазъият дар ҷомеа ва тафриқаандозиву барангехтани низоъҳои диниву мазҳабӣ кӯшиш карда, барои гумроҳ сохтани сокинони мамлакат, бахусус ҷавонон ва ба созмонҳои манъшуда ҷалб намудани онҳо аз шабакаҳои интернетӣ васеъ истифода мебаранд. Суханони Пешвои миллат дар ин маврид моро водор месозанд, ки ба баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолии мамлакат, хусусан ҷавонон, диққати зарурӣ дода, онҳоро дар руҳияи ватандӯстӣ, худогоҳиву худшиносии миллӣ тарбия намоем”.
    Ҳамзамон, зимни машварат муҳтавои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак», «Дар бораи маориф» ва «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» фаҳмонида шуданд.
Ҳамчунин, вобаста ба баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, истифодаи дурусти фарҳанги телефонҳои мобилӣ, пешгирии ҳамроҳшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро, роҳ надодан ба таълимоти ғайрирасмии динӣ, тақвият бахшидани ҳисси худшиносию худогоҳӣ ва ватандӯстӣ, риояи намудани танзими анъана ва ҷашну маросим, даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ва анҷом додани корҳои таблиғотию ташвиқотӣ дар ин самт сухан гуфта шуд.
Дар идома аз пешрафт ва фаъолияти тамоми соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии Ҷамоат баҳо дода, ҳамзамон, таъкид намуданд, ки ҳар як роҳбари ташкилоту муассиса новобаста аз шакли моликият дар амалӣ ва татбиқ намудани сиёсати созандаву бунёдкоронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муваззаф мебошанд.
Дар фарҷом раиси шаҳр ҷиҳати пешбурди фаъолияти самаранок ва баҳри иҷрои нақшаҳои пешгузошта, вусъати корҳои ободониву бунёдкорӣ, бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта, корҳои тарғиботиву иттилоърасонӣ ба мардум, даъвати аҳолӣ ба саҳмгузорӣ дар ободониву бунёдкории Ҷамоат ва дигар тадбирҳо ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.
Изҳори итминон карда шуд, ки сокинони Ҷамоати деҳоти Бозорбой Бурунови шаҳри Ваҳдат дар партави сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки зиндагии шоистаро ба мардуми кишвар ҳадаф қарор додааст ва иҷрои дастуру супоришҳои Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муттаҳид шуда, дучанд ҷаҳду талош хоҳанд намуд.

Ҳамчунин дигар наворҳо: