МАЪРАКАИ НИҲОЛШИНОНӢ ДАР ШАҲРИ ВАҲДАТ
Ваҳдат: 14.02.2026. Бо мақсади ба таври доимӣ тозаву озода нигоҳ доштани муҳити зист дар қатори дигар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар шаҳри Ваҳдат, низ корҳои ободонию созандагӣ ва ниҳолшинонӣ мунтазам баргузор мегардад. Бо ин мақсад имрӯзҳо дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти шаҳр маъракаи ниҳолшинонӣ бо маром идома дорад.Чанде пеш бо иштироки муовини аввали раиси шаҳр ва дигар намояндагони соҳа, дар ҳудуди Резервати биосферии Ромити Ҷамоати деҳоти Ромити шаҳри Ваҳдат 1000 бех ниҳоли сояафкан, 300 бех ороиши ва 200 бех мевадиҳанда шинонида шуд.
Бояд гуфт, ки дар ин рӯз сокинони Ҷамоати деҳоти Ромити шаҳри Ваҳдат бо як масъулияти баланду ҳисси ватандӯсту иштирок намуда 1500 бех ниҳолро бо риояи талаботи агротехникӣ шинониданд.
Ин иқдом дар асоси иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи «Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» дар шаҳр идома дорад.
Гуфта шуд, ки амалисозии чунин тадбирҳо на танҳо ба ҳусни шаҳр зебоии нав зам мекунад, балки барои беҳтар гардидани сифати ҳаво низ муфид мебошад. Хусусан, дар фасли тобистон ҷойҳои сарсабз ва кӯча роҳои сердарахт барои истироҳату фароғати сокинону меҳмонон хеле зарур мебошанд.
Имрӯзҳо сокинони заҳматкаши шаҳр аз рӯзҳои мусоид истифода намуда, дар канори шоҳроҳ ва дигар минтақаҳо шинонидани ниҳолҳои сӯзанбарг, санавбар ва сояафканро тибқи маслиҳати мутахассисон ва қоидаҳои агротехникӣ вусъат мебахшанд.
Ҳамзамон, дар ин рӯз бо мақсади беҳтар намудани ҳолати санитарӣ-гигении муҳити зист, тозаву озода нигоҳ доштани ҷойҳои чамъиятӣ, баланд бардоштани маърифати экологӣ ва таҳкими ҳисси масъулиятшиносии шаҳрвандон нисбат ба табиат, тибқи нақшаи чорабиниҳои пешбинишуда аксияи тозагӣ ташкил ва баргузор карда шуд.
Дар доираи аксияи тозагии атрофи шоҳро ва мавзеъҳои истироҳатӣ пурра тоза карда шуданд.
Ҳамчунин дигар наворҳо:
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ
Суханронӣ дар маҷлиси тантанавӣ ба ифтихори 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳамватанони азиз! Ҳозирини гиромӣ! Дар таърихи давлату миллатҳои ҷаҳон рӯйдодҳое ба вуқӯъ мепайванданд, ки сарнавишт ва роҳи минбаъдаи онҳоро муайян мекунанд. Чунин рӯйдоди муҳим дар таърихи
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Модар
Модарону бонувони муҳтарам ва хоҳарону духтарони меҳрубон! Мулоқоти идонаи мо ба ифтихори Рӯзи модар дар оғози фасли зебои баҳор, эҳёи тамоми мавҷудоти табиат ва арафаи таҷлили ҷашни Наврӯзи





