ВОХӮРИИ НАМОЯНДАГОНИ АГЕНТӢ БО МАҚСАДИ ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ НУҚТАҲОИ АСОСИИ ПАЁМ БО МАСЪУЛОНИ ШАҲРИ ВАҲДАТ
Вохӯриро муовини раиси шаҳр Башриддин Мирзозода оғоз намуда, меҳмононро ба шаҳри Ваҳдат хушомадед гуфтанд.
Сипас, муовини сардори раёсати муқовимат бо коррупсия майори адлия Ёсуман Акрамзода ва сарнозири раёсати муқовимат бо коррупсия Насим Шамсиддинзода баромад намуданд.
Маврид ба ёдоварист, ки масъулини Агентӣ бо маъруза оиди нуқтаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» ба Маҷлиси Олии Ҷуҳурии Тоҷикистон, ки 16 –уми декабри соли 2025 ироа гардидабуд, баромад намуда, дар рафти он масъалаҳо вобаста ба шарҳу тавзеҳи Паём, дастури супоришҳои Роҳбари давлат ва нақши ин ҳуҷҷати тақдирсоз дар ташаккули давлатдории миллӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар баробари он оид ба роҳҳои мубориза алайҳи коррупсия, тадбирҳои зиддикоррупсионӣ, оқибатҳои даст задан ба амалҳои ришваситонӣ ва хисороту хислатҳои манфии ин зуҳурот баромад намуда, зимнан ба иштирокчиён талаботи қонунгузорӣ ва барномаҳои давлатии зиддикоррупсионӣ маълумоти муфассал манзур карда шуд.
Ҳамчунин дигар наворҳо:
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ
Суханронӣ дар маҷлиси тантанавӣ ба ифтихори 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳамватанони азиз! Ҳозирини гиромӣ! Дар таърихи давлату миллатҳои ҷаҳон рӯйдодҳое ба вуқӯъ мепайванданд, ки сарнавишт ва роҳи минбаъдаи онҳоро муайян мекунанд. Чунин рӯйдоди муҳим дар таърихи
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Модар
Модарону бонувони муҳтарам ва хоҳарону духтарони меҳрубон! Мулоқоти идонаи мо ба ифтихори Рӯзи модар дар оғози фасли зебои баҳор, эҳёи тамоми мавҷудоти табиат ва арафаи таҷлили ҷашни Наврӯзи




