ИМРӮЗ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПЕШГИРИИ ЭКСТРЕМИЗМИ ХУШУТАНОМЕЗ. Пешгирии ин зуҳурот омили муҳими таъмини амнияти ҷомеа аст

12 фев 2026, 10:04
Навид / Навигариҳо
3

Ҷомеаи ҷаҳонӣ имрӯз бо таҳдидҳои ҷиддие рӯ ба рӯ мебошад, ки яке аз хатарноктарини онҳо экстремизми хушунатомез ба шумор меравад. Ин зуҳурот на танҳо амнияти давлатҳо, балки суботу оромии ҷомеа, ҳаёти осоиштаи шаҳрвандон ва ояндаи ҷавононро зери хатар қарор медиҳад. Бо назардошти аҳамияти масъала Созмони Милали Муттаҳид 12 февралро Рӯзи байналмилалии пешгирии экстремизми хушунатомез, ки замина барои терроризм мешавад, эълон намудааст.

– Ин санад аз кишварҳои аъзои Созмони Милали Муттаҳид даъват ба амал меорад, ки бо баргузории чорабиниҳои иттилоотию маърифатӣ, корҳои фаҳмондадиҳӣ ва мулоқоту суҳбатҳо дар самти пешгирии тундгароӣ, ифротгароӣ, экстремизм ва терроризм саҳм гузоранд.

Экстремизми хушунатомез аксаран дар заминаи ноогоҳӣ, сатҳи пасти маърифати ҳуқуқӣ, мушкилоти иҷтимоӣ ва таъсири таблиғоти ғаразнок пайдо шуда, тадриҷан метавонад ба терроризм мубаддал гардад. Гурӯҳҳои ифротгаро бо истифода аз шабакаҳои иҷтимоӣ, ақидаҳои бардурӯғ ва тафсирҳои нодурусти мафҳумҳои динӣ ё сиёсӣ махсусан ҷавонону ноболиғонро ба доми худ мекашанд.

Дар ин раванд пешгирӣ нақши калидӣ мебозад. Пешгирии экстремизми хушунатомез на танҳо тавассути чораҳои қонунӣ ва амниятӣ, балки, пеш аз ҳама, бо роҳи баланд бардоштани маърифати сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва фарҳангии аҳолӣ, бахусус ҷавонон амалӣ мегардад. Омӯзиши арзишҳои инсонӣ, таҳкими ҳисси ватандӯстӣ, эҳтиром ба қонун, таҳаммулпазирӣ ва муколамаи фарҳангҳо аз муҳимтарин роҳҳои муқовимат ба ин зуҳурот маҳсуб мешаванд.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи пешгирии экстремизм ва терроризм яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ ба шумор меравад. Қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, татбиқи барномаҳои давлатӣ, баргузории чорабиниҳои маърифатӣ ва вохӯриҳои судманд бо ҷавонон дар муассисаҳои таълимӣ гувоҳи таваҷҷуҳи ҷиддии давлат ба ҳифзи амнияти ҷомеа ва тарбияи насли солим мебошад. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид намудаанд, ки «ҷавонон қувваи асосии ҷомеа буда, бояд аз ҳар гуна андешаҳои ифротӣ ҳифз карда шаванд».

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2025 зимни пешниҳоди Паём ба Маҷлисӣ Олӣ иброз доштанд, ки дар шароити буҳронию ноороме, ки ҷаҳони имрӯза қарор дорад, ҳифзи истиқлолу озодӣ, заҳмат ба хотири пешрафти давлат ва ободии Ватан вазифаи аввалиндараҷаю ҳаррӯзаи ҳар шаҳрванди бонангу номуси мамлакат маҳсуб мешавад.

Сарвари давлат таъкид намуданд, ки таъмин будани амнияти ҷомеа, суботи сиёсӣ, сулҳу ваҳдат ва волоияти қонун кафолати рушди устувори иқтисодию иҷтимоӣ ва баланд гардидани сатҳу сифати зиндагии мардуми мамлакат мебошад. Бинобар ин сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бояд вазифаи худро дар самти ҳимояи суботу оромии ҷомеа, амнияту осоиши давлат ва мардуми Тоҷикистон бо садоқат ба давлат ва халқи мамлакат таъмин намоянд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҳукумати мамлакатро вазифадор  намуданд, ки барои боз ҳам беҳтар гардонидани шароити кору зиндагии хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ тадбирҳои иловагӣ андешад.

Аз ин рӯ ин сана барои баланд бардоштани сатҳи огоҳии ҷомеа, муттаҳид сохтани саъю кӯшиши давлатҳо, созмонҳо ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар мубориза бо ин зуҳуроти хатарнок фурсати муносиб мебошад. Ин рӯз моро водор месозад, ки ҳар яки мо нисбат ба тақдири ҷомеа бетараф набошем. Танҳо бо ҳамбастагӣ, маърифатнокӣ ва эҳтиром ба арзишҳои умумибашарӣ метавон пеши роҳи экстремизми хушунатомезро гирифта, ҷомеаи амну осоишта ва ояндаи дурахшони насли ҷавонро таъмин намуд.

Яке аз ҳадафҳои асоси пешгирии ҳамроҳшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои террористӣ баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва зиракии сиёсӣ мебошад.  Экстремизми хушунатомез таҳдид ба амнияти миллӣ ва суботи ҷомеа арзёбӣ мегардад. Барои пешгирии он пайванди варзиш, маориф ва тарбияи ватандӯстӣ тавсия дода мешавад. Терроризм ва экстремизм вабои аср номида шуда, мубориза бо онҳо вазифаи на танҳо давлат, балки ҳар фарди солимфикри ҷомеа ба ҳисоб меравад. Аз ин рӯ ҷавонон бояд бо дарки масъулияти шаҳрвандӣ, ҳисси ватандӯстӣ ва худогоҳии миллӣ аз ҳар гуна андеша ва амали ифротӣ канораҷӯӣ намоянд.

Бояд гуфт, ки экстремизм ва терроризм амали номатлубе аст, ки ба пешрафти иқтисодиёти ҳар кишвар таъсири манфӣ мерасонанд. Мақсади муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳифзи асосҳои сохтори конститутсионӣ, ҳастии миллат, қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ, амнияти ҷамъиятӣ, ҳифзи аҳолӣ ва ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд аз таҳдидҳои экстремистӣ ва террористӣ иборат мебошад.

Мубориза бо экстремизм ва терроризм бехатарии аҳолӣ ва фазои ҳамдигарфаҳмӣ дар ҷомеа, баланд бардоштани эътимоду боварии шаҳрвандон нисбат ба мақомоти давлатӣ, аз ҷумла мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, таҳкими ваҳдати миллӣ ва ҳифзи амнияти миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро таъмин менамояд.

Исмоил ЭМОМЗОДА,
сардори шуъбаи Хадамоти иҷро дар шаҳри Ваҳдат

Ҳамчунин дигар наворҳо: