МУЛОҚОТИ МУОВИНИ РАИСИ ШАҲРИ ВАҲДАТ БО РОҲБАРОНИ МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМӢ
ВАҲДАТ: 10.02.2026. Имрӯз дар толори бинои раёсати маорифи шаҳри Ваҳдат зери роҳбарии муовини раиси шаҳр Баҳриддин Мирзозода бо сардори раёсат, директорҳои муассисаҳои таълимӣ, мураббиён, омӯзгорон ва дигар намояндагони соҳа мулоқот доир гардид. Муовини раиси шаҳр зимни баромади худ оид ба дастуру ҳидоятҳои Президенти мамлакат, ки зимни ироаи Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» ҷиҳати донишомӯзии ҷавонон, омӯхтани забонҳои хориҷӣ, таваҷҷуҳи зиёд додан ба фанҳои дақиқ, дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ, дар руҳияи ватандӯстӣ тарбия намудани насли ҷавон, ободии ҷумҳурӣ, ҳифзи амният ва оромии ҷомеа баён намуданд.Ҳамзамон, дар бораи баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия дар муассисаҳо, омодагиҳо ба имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ИМД 2026, корҳои фаҳмондадиҳӣ бо духтарони синфҳои 9-11 оид дур намондан аз таълим ва дигар мавзуъҳоро баррасӣ намуд.
Дар идома Баҳриддин Мирзозода таъкид намуд, ки омӯзгорон ҳамчун сутуни асосии тарбия вазифадоранд дар таҳкими ахлоқ, саводи ҳуқуқӣ ва фарҳанги одоби хонандагон саҳми фаъол гузоранд.
Дар рафти мулоқот масъалаҳои назорати иҷрои вазифаҳои хонандагон, риояи интизоми дохилимактабӣ, ҳамчунин, мубориза бо омилҳои номатлуб дар муҳити таълимӣ муҳокима гардиданд.
Бахриддин Мирзозода, ба роҳбарияти муассиса ва дигар масъулони соҳа тавсия дод, ки ҳамкории байни муассиса ва волидайн боз ҳам зич гардад, зеро танҳо тавассути иртиботи ҳамешагӣ ва масъулияти муштарак метавон ба натиҷаҳои хуб дар тарбия ва таҳсили толибилмон ноил гардид.
Инчунин, зимни мулоқот масъалаҳои пешгирии омилҳои номатлуб байни наврасону ҷавонон, ҷинояткорӣ, пешгирии онҳо аз ҳамроҳшавӣ ба гурӯҳҳои экстремистию террористӣ, ҷалби падару модарон ба таълиму тарбияи фарзанд, ҳатмӣ будани таҳсил дар зинаи сеюми таҳсил ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз муҳокима шуд.
Ҳамчунин дигар наворҳо:
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ
Суханронӣ дар маҷлиси тантанавӣ ба ифтихори 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳамватанони азиз! Ҳозирини гиромӣ! Дар таърихи давлату миллатҳои ҷаҳон рӯйдодҳое ба вуқӯъ мепайванданд, ки сарнавишт ва роҳи минбаъдаи онҳоро муайян мекунанд. Чунин рӯйдоди муҳим дар таърихи
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Модар
Модарону бонувони муҳтарам ва хоҳарону духтарони меҳрубон! Мулоқоти идонаи мо ба ифтихори Рӯзи модар дар оғози фасли зебои баҳор, эҳёи тамоми мавҷудоти табиат ва арафаи таҷлили ҷашни Наврӯзи



