ХАТАРИ ҲИЗБУ ҲАРАКАТҲОИ ТЕРРОРИСТӢ БА АМНИЯТИ ҶОМЕА
Дар ҷаҳони муосир терроризм ва экстремизм яке аз таҳдидҳои ҷиддитарин ба амният, сулҳ ва суботи давлатҳо ба ҳисоб меравад. Ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ бо истифода аз зӯроварӣ, таҳдид ва тарс кӯшиш мекунанд, ки ба ҷомеа ақидаҳои ифротии худро таҳмил намоянд ва тартиботи ҷамъиятиро халалдор созанд.
Терроризм пеш аз ҳама ба ҷони инсонҳо таҳдид мекунад. Ин гурӯҳҳо бо амалҳои ҷинояткоронаи худ ҳаёти бегуноҳонро зери хатар мегузоранд, оромии ҷомеаро вайрон мекунанд ва байни мардум тухми адоват мепошанд. Онҳо бештар ҷавононро ҳадаф мегиранд, зеро ҷавонон фаъол, эҳсосотӣ ва баъзан камтаҷриба мебошанд.
Яке аз роҳҳои асосии ҷалби ҷавонон ба чунин ҳаракатҳо паҳн кардани ақидаҳои бардурӯғ тавассути интернет, шабакаҳои иҷтимоӣ ва таблиғоти пинҳонӣ мебошад. Онҳо кӯшиш мекунанд, ки худро ҳамчун «Ҳимоятгарони адолат» ё «Муборизони ҳақ» нишон диҳанд, дар ҳоле ки ҳадафи аслиашон вайрон кардани амнияти давлат ва ҷамъоварии қувва барои амалӣ намудани ниятҳои хатарнок мебошад.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм яке аз самтҳои муҳимми сиёсати давлатӣ ба шумор меравад. Қонунгузорӣ фаъолиятҳои ҳизбу ҳаракатҳои террористиро қатъиян манъ мекунад ва барои иштирок дар онҳо ҷавобгарии ҷиноятӣ пешбинӣ менамояд. Ин тадбирҳо барои ҳифзи сулҳу субот ва амнияти шаҳрвандон равона шудаанд.
Нақши мактаб, оила ва ҷомеа дар пешгирии шомилшавии ҷавонон ба чунин гурӯҳҳо хеле муҳим аст. Тарбияи ватандӯстӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва тарбияи ахлоқӣ метавонад ҷавононро аз роҳи нодуруст ҳифз намояд. Омӯзгорон бояд ба хонандагон фаҳмонанд, ки терроризм ва ифротгароӣ бо арзишҳои инсонӣ, фарҳанги миллӣ ва динӣ ҳақиқӣ ҳеҷ иртибот надоранд.
Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯйхати ҳизбу ҳаракатҳо ва ташкилотҳои террористӣ - экстремистиеро, ки фаъолияташон дар кишвар манъ аст, нашр кардааст.
Бо ҳалномаҳои Суди Олӣ 29 адад ҳизбҳо, гурӯҳҳо, ҳаракатҳо, равияҳо ва иттиҳодияҳо ҳамчун ташкилотҳои террористӣ-экстремистӣ эътироф гардида, фаъолияташон дар ҳудуди Тоҷикистон манъ, воридоти адабиётҳо ва сомонаҳои ин ташкилотҳо баста шудаанд.
Барои ҷонибдорӣ ё пайравии онҳо аз панҷ то дувоздаҳ сол зиндон таҳдид мекунад.
Дар рӯйхат шомил мешаванд:
1.Ҳизби Наҳзати Ислом;
2.Ташкилоти "Ал-Қоида";
3.Ҳаракати Исломии Туркистони Шарқӣ;
4.Ҳизби Исломии Туркистон (собиқ ҳаракати Исломии Узбекистон);
5.Ҳаракати "Толибон";
6.Ташкилоти "Бародарони Мусулмон";
7.Ташкилоти "Лашкар-ут-Тайиба";
8.Гурӯҳи исломӣ ("Чаъмият –ул- Ислом"-и Покистон);
9."Ҷамъияти Таблиғ";
10.Ташкилоти динӣ-мубаллиғии "Созмони Таблиғот";
11.Тоҷикистони Озод;
12. Ҳизби Таҳрир;
13. "Ҳизб-ут-таҳрир";
14. Равияи динии "Салафия";
15.Ҷамоати (Ҷамъияти) "Ансоруллоҳ";
16. Ҳаракати ҷамъияти "Гуруҳи 24";
17.Ташкилоти "Давлати исломӣ" ("Давлати исломии Ироқу Шом");
18. "Ҷабҳат-ун-Нусра" ("Ҷабҳат ан Нусра");
19. "Паймони миллии Тоҷикистон";
20. Ҷанги муқаддас ("Ал-Ҷиҳод", Ҷиҳоди исломии Мисрӣ);
21.Ҷамъияти ислоҳоти иҷтимоӣ (Ҷамъият-ал Ислоҳ ал-Иҷтимоӣ);
22.Ҷамъияти эҳёи мероси исломӣ (Ҷамъияти Ихё ат Тураз ал-Исломӣ);
23.Хонаи ду зиёратгоҳ (Ал- Харамейн, Дом двух святых);
24.Ҷунд аш-Шом (Артиши Шоми Бузург);
25.Ҷиҳоди Исломӣ - Ҷамоати муҷоҳиддин;
26. Иттиҳоди экстремистии "Шоҳидони Яҳво";
27.Ташкилоти "Памир дейли нюс" (Pamir Daily News) ё "Памир нюс" (Pamir News);
28. Ташкилоти террористӣ-экстремистии "Давлати исломии вилояти Хуросон";
29.Ташкилоти экстремистии "Новый Таджикистан 2".
Хулоса, ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ хатари ҷиддӣ барои ҷомеа, давлат ва инсоният мебошанд. Танҳо бо дониш, ҳушёрӣ, ваҳдат ва масъулияти шаҳрвандӣ мо метавонем худро ва ояндаи наслҳои минбаъдаро аз ин таҳдидҳо ҳифз намоем.
Мо омӯзгоронро зарур аст, ки сатҳи огоҳии хонандагонро нисбат ба оқибатҳои бади терроризму эстремизм баланд бардошта, онҳоро ба риояи қонун, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва дурӣ ҷустан аз ҳар гуна ғояҳои ифротгаро даъват намоем.
Қадридин Шарипов, омӯзгори
МТМУ №140-и шаҳри Ваҳдат
Ҳамчунин дигар наворҳо:
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ
Суханронӣ дар маҷлиси тантанавӣ ба ифтихори 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳамватанони азиз! Ҳозирини гиромӣ! Дар таърихи давлату миллатҳои ҷаҳон рӯйдодҳое ба вуқӯъ мепайванданд, ки сарнавишт ва роҳи минбаъдаи онҳоро муайян мекунанд. Чунин рӯйдоди муҳим дар таърихи
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Модар
Модарону бонувони муҳтарам ва хоҳарону духтарони меҳрубон! Мулоқоти идонаи мо ба ифтихори Рӯзи модар дар оғози фасли зебои баҳор, эҳёи тамоми мавҷудоти табиат ва арафаи таҷлили ҷашни Наврӯзи




