НИШАСТИ МАТБУОТИИ РАИСИ ШАҲРИ ВАҲДАТ

09 фев 2026, 10:01
Слайдер / Соҳаҳо / Навид / Навигариҳо
3
Миҳд шаҳри Ваҳдат:9.02.2026. Имрӯз бо мақсади иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 15 сентябри соли 2011, №1729, дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат, нишасти матбуотии раиси шаҳр, бо иштироки рӯзноманигорони ҷумҳуриявию маҳаллӣ, барои ҷамбасти соли 2025 нишасти матбуотӣ баргузор гардид. Дар нишасти матбуотӣ муовини аввали раис, муовинон, роҳбари дастгоҳи раиси шаҳр, инчунин, роҳбарони ташкилоту идораҳо, шуъбаю бахшҳои назди мақомот ва раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти шаҳр иштирок намуданд. Саравал раиси шаҳр Мирзо Исмоилзода, намояндагони васоити ахбори оммаро ба шаҳр хайрамақдам гуфта, барои ҳамкории судманд ва пурмасъул, ҷиҳати рушду нумуи иқтисодиёти иҷтимоиётӣ шаҳри Ваҳдат, инъикоси васеъи корҳои ободонию созандагӣ дар соли сипаригашта изҳори миннатдорӣ баён намуданд.
Сипас, раиси шаҳр ба намояндагони ВАО пешниҳод намуданд, ки бо мақсади вақтро пура истифода бурдан, оғоз ба саволу ҷавоб кунем. Ҳаминтавр беш аз як соат саволу ҷавоб доир гардид.
Бояд гуфт, ки дар доираи нақшаи чорабиниҳои таҷлили ҷашни бузурги миллӣ 35 – солагии Истиқлоли давлатӣ дар шаҳри Ваҳдат бунёду азнавсозии 808 иншооти самташон гуногун ба нақша гирифта шудааст. То ин вақт беш аз 664 иншооти ҷашнӣ сохта ба истифода дода шуд. Аз ҷумла, 72 корхонаи саноатӣ, 42 иншооти тандурустӣ, 68 иншооти соҳаи маориф, 11 иншооти варзишӣ, 16 иншооти истироҳатию фароғатӣ, 172 иншооти хизматрасонӣ, 4 бинои маъмурӣ, 6 мости мошингузар ва дигар иншооти самташон гуногун сохта шуда, 122 км роҳҳо маҳаллӣ таъмир карда гардид, ки баробари 82,2%-и нақша аст.
Раиси шаҳр таъкид карданд, ки дар ин давра аҳли заҳмати шаҳри Ваҳдат бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар доираи барномаю нақшаҳои тасдиқгардида чораҷӯӣ намуда, нишондиҳандаҳои назаррасро ба даст оварданд.
Маврид ба зикр аст, ки дар соли 2025 аз маконҳои сайёҳии шаҳри Ваҳдат 82,5 ҳазор сайёҳ, аз он ҷумла 1197 сайёҳи хориҷӣ дидан карданд, ки дар қиёс нисбати ҳамин давраи соли гузашта 16,1 ҳазор сайёҳ зиёд мебошад. Соли гузашта шумораи сайёҳони хориҷӣ 45,9 фоиз биёд мебошад.
Ҳамчунин, дар фарҷоми нишасти матбуотӣ роҳбарияти шаҳр ба рӯзноманигорон барои иштирокашон изҳори сипос намуда, зикр карданд, ки мақсад аз гузаронидани нишастӣ матбуотӣ ин таъмини ошкорбаёнӣ, шафоффият, оид ба рафти иҷрои қарору фармонҳо, беҳтару хубтар ба роҳ мондани сифати кор, огоҳ гардидан аз фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва пурқувват намудани робитаҳои зичи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр бо васоити ахбори омма мебошад.

Ҳамчунин дигар наворҳо: