БАРРАСИИ МАСЪАЛАҲОИ ДАЪВАТИ БАҲОРӢ ДАР СИТОД

09 фев 2026, 15:58
Слайдер / Навид / Навигариҳо
3
Миҳд Шаҳри Ваҳдат: 9.02.2026: Имрӯз бинои комиссарияти ҳарбии шаҳри Ваҳдат ситоди шаҳрӣ оид ба даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид.
Дар ситод масъалаҳои пешгирӣ аз омилҳои шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ, баланд бардоштани сатҳи даъвати ҷавнон ба хизмати ҳарбӣ дар давраи даъвати баҳории соли 2026 барррасӣ гардиданд.
Дар кори ситод
комиссари НТҶ полковник Тоирзода Умед, раиси комиссияи даъвати шаҳри Ваҳдат, муовини раиси шаҳр Мирзозода Баҳриддин ва комиссари ҳарбии шаҳри Ваҳдат полковник Қурбонзода Фарух, инчунин, раисони ҷамоатҳои деҳот, сардорони як қатор раёсатҳо, шуъбаю бахшҳои назди мақомот ва дигар шахсони масъул иштирок доштанд. Таъкид шуд, ки мавсими даъват ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз чорабиниҳои муҳими сиёсию ташкилӣ маҳсуб ёфта, барои саривақт иҷро кардани нақшаи пешбинишуда, ҷалби ҷавонон ба адои хизмати ҳарбӣ, ба роҳ мондани корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстиву ватанпарастии ҷавонон, дар руҳияи худшиносию худогоҳӣ тарбия кардани онҳо аз ҳар яки дар шаҳравнд деҳот вобастагӣ дорад.
Зимни муҳокимаи масъала аз ҷониби комиссариати ҳарбӣ, ҳайати комиссияи тиббӣ, раисони кумитаҳои маҳалла ва масъулини мизҳои ҳарбии ҷамоатҳо пурсиш ба амал оварда шуда, дар назди масъулини вазифаҳои мушаххас гузошта шуд.
Инчунин, дар ҷаласа масъулон бо раисони ҷамоатҳо, мизҳои ҳарбӣ ва дигар масъулони даъват, оиди корҳои фаҳмондадиҳӣ дар рафти фаъолиятӣ корӣ, пешгирӣ аз ҳолатҳои хавфи коррупсионӣ ва даст назадан ба дигар қонуншиканиҳо сухан гуфтанд.
Муовини раиси шаҳр таъкид намуд, ки ҷиҳати иҷрои саривақтии даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамаи масъулинро зарур аст, ки бо истифода аз имкониятҳои мавҷудаи деҳот барои саривақт ва босифат иҷро кардани нақшаи даъвати наваскарон тамоми ҷораҳои заруриро роҳандозӣ намоянд.
Маврид ба ёдоварист, ки дар ситод раиси ҷамоати мазкур , комисарияти ҳарбии шаҳр, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеъа ва дигар масъулон иштирок намуданд.
Дар хотимаи ҷаласа раиси ситод муовини раиси шаҳр Баҳриддин Мирзозода бо вазифагузориҳои мушаххас суханронӣ намуда, аз ҳар яки масъулин талаб кард, ки корҳои омодагиро пурзӯр карда, тайёрии ҷиддӣ ва корбарии саривақтӣ дошта бошанд.

Ҳамчунин дигар наворҳо: