ХИЁНАТ БА МИЛЛАТ — АМАЛИ НОБАХШИДАНИСТ

09 фев 2026, 15:57
Слайдер / Соҳаҳо / Навид / Навигариҳо
3
    Миҳд шаҳри Ваҳдат: 9.02.2026. Ҳар миллат бо таърих, фарҳанг, забон ва арзишҳои худ зинда аст. Ҳар як шахс, ки худро фарзанди миллат медонад, уҳдадор аст манфиатҳои онро ҳифз намояд. Аммо дар ҷомеа ҳолатҳое ба назар мерасанд, ки баъзе афрод ба хотири манфиати шахсӣ ё таъсири неруҳои бегона ба миллату давлат хиёнат мекунанд. Чунин афродро дар ҷомеа хоини миллат меноманд.
Хиёнат ба миллат метавонад дар шаклҳои гуногун зоҳир шавад: ифшои асрори давлатӣ, ҳамкорӣ бо душманон, барангехтани иғво ва ихтилоф миёни мардум, суст кардани ваҳдати миллӣ ё таблиғи андешаҳои ифротӣ. Ин амалҳо на танҳо ба амнияти давлат, балки ба оромӣ ва эътимоди ҷомеа зарари ҷиддӣ мерасонанд.
Хоини миллат одатан манфиати шахсиро аз манфиати умум болотар мегузорад. Ӯ оқибатҳои амали худро барои наслҳои оянда нодида мегирад. Дар ҳоле ки рушди давлат танҳо дар шароити сулҳ, ваҳдат ва ҳамдигарфаҳмӣ имконпазир аст. Аз ин рӯ, ҳар гуна хиёнат роҳи пешрафти миллатро бозмедорад.
Ҷомеа бояд нисбат ба чунин амалҳо бетараф набошад. Тарбияи ватандӯстӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва эҳсоси масъулиятшиносӣ дар миёни ҷавонон метавонад пеши роҳи хиёнатро бигирад.
Дар фарҷом метавон гуфт, ки садоқат ба миллат қарзи муқаддаси ҳар як шаҳрванд аст. Миллат танҳо бо ваҳдат, ростқавлӣ ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ рушд мекунад.
Фируза Мирзоева, мудири ширхоргоҳ-кӯдакистони №6 "Шифо"-и шаҳри Ваҳдат

Ҳамчунин дигар наворҳо: