ДАР ВАҲДАТ ЗАНОН-МОДАРОН БА ДИДОРБИНИИ ФАРЗАНДОН – САРБОЗОНИ ВАТАН РАФТАНД
Ваҳдат: 10.02.2026. Бо ибтикори Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат имрӯз вохӯрӣ бо сарбозони қисми ҳарбии 16772 Вазорати мудофияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар шаҳри Ваҳдат доир гардид.
Дар вохӯрӣ муовини раиси шаҳр, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шоира Абдураҳимзода, муовини раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Одиназода Чаманоро, сардори шуъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокомияти давлатии шаҳр Губаҳор Давлатова ва дигар намояндагон иштирок ва суханронӣ карданд.
Шоира Абдураҳимзода, суҳбатро оғоз намуда, аз номи раиси шаҳри Ваҳдат Мирзо Исмоилзода иштирокчиёро ба шаҳр хушомадед гнамуд. Намояндагони Кумита, муовини раиси шаҳр, ва модарону занони фаъоли шаҳр аз қисми низомӣ дидан намуда, бо сарбозону афсарон ва муҳофизони Ватан суҳбату дидорбинии самимона карданд. Ҳамзамон, дар вохӯрӣ масъулон баромад карда, кулли ҷавононони шуҷоъ ва сарбозону афсаронро бо иди касбияшон, ки ҳамасола рӯзи 23-юми феврал дар кишвар ҳамчун рӯзи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад, шодбош гуфта, барояшон тани сиҳат, ҷавонии боҷасорат ва дар адои хизмати Ватан садоқатмандиву бурдборӣ таманно намуданд. Зикр шуд, ки хизмат ба халқу Ватан ва ҳифзи осудагиву амнияти кишвар ифтихору виқор барои ҳар як ҷавонмард буда, имрӯз ин ҷавонписарони диловар чунин рисолати муқаддасро бар дӯш доранд.
Гуфта шуд, ки маҳз муҳаббати модар ба фарзанд аст, ки имрӯз модарон ба дидорбинии сарбозон ва афсарони шуҷои Ватан омада, онҳоро ба дӯст доштани Ватан ва ҳифзи сарзамини аҷдодӣ даъват менамоянд.
Мояи ифтихор ва сарфарозии модари тоҷик аст, ки фарзандони баномус, ватандӯст ва ватанпарвари тарбиянамудааш баҳри ҳимояи Ватан ва марзҳои давлатӣ дар тамоми қисмҳои ҳарбӣ сарбаландона адои хизмат намуда, дар таъмини сулҳу субот ва осудагии мардум саҳм мегузоранд.
Дастгирии Ҳукумати мамлакат, хосса Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки ҳамасола барои сарбозон дар қисмҳои ҳарбӣ шароити хуб фароҳам мегардад.
Дар вохӯрӣ таъкид гардид, ки тибқи дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳар як сарбоз дар давраи хизмати ҳарбӣ илова ба гузаштани курсҳои махсуси тахассусӣ, инчунин, касбу ҳунарҳои гуногун, аз ҷумла ронандагиву дуредгарӣ, кафшергару сохтмончӣ, устои барқ ва таъмири автомашинаҳо ва забонҳои хориҷиро низ меомӯзад, то ин ки баъди хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ роҳи фардои зиндагии худро пайдо карда тавонад.
Модарон ва занони фаъоли шаҳр бо шароити зист ва хизмати сарбозон дар ин қисми ҳарбӣ шинос шуда, волидон, барои афсарону сарбозон ва фарзандони некноми худ, ки имрӯз хизмати Модар-Ватанро бо сарбаландӣ адо менамоянд, дастурхон ороста, дастовезҳои овардаи худро болои он гузошта, бо онҳо суҳбати гарму самимӣ доир намуданд.
Бояд гуфт, ки волидон на танҳо аз дидори писарони ҷасури худ ифтихору шодмонӣ доштанд, инчунин, аз ободии Ватан ва ваҳдату ҳамдилии сарбозон, ки аз гӯшаҳои гуногуни мамлакат ба хизмати Модар-Ватан омада, қарзи фарзандии худро сарбаландона адо менамоянд, изҳори қаноатмандӣ мекарданд.
Дар вақти суҳбат бо сарбозон модарон иброз доштанд, ки ҷавонони шуҷоъ бояд бо азми дил барои пойдории сулҳу оромӣ ва истиқлолу озодӣ равонаи хизмати Ватан шаванд. Зеро Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дастоварди муҳими замони соҳибистиқлолии мамлакат ба шумор рафта, омили асосии нигаҳдории давлатдории миллӣ маҳсуб мешавад.
«Мо модарон аз шуҷоату мардонагии ҷавонони мамлакат ифтихор менамоем. Зеро фарзандони далери ин Ватан бо сидқу вафо, ҳисси баланди ватандорӣ ва муҳаббат ба хоки муқаддас ба хизмати ҳарбӣ мераванд. Ин ҷавонмардон на танҳо муҳофизони оромии давлат, балки пайравони сазовори гузаштагони далер ва сарбаланди миллати тоҷик мебошанд», - иброз доштанд иштирокдорон.
Ҳамчунин дигар наворҳо:



