МАҶЛИСИ КУМИТАИ ИҶРОИЯИ ҲХДТ ДАР ШАҲРИ ВАҲДАТ БАРГУЗОР ГАРДИД

14 янв 2026, 16:21
Слайдер / Навид / Навигариҳо
5
  14-уми январи соли 2026, дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат маҷлиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Ваҳдат баргузор гардид.
Дар кори маҷлис раиси шаҳри Ваҳдат Мирзо Исмоилзода, аъзои раёсати ҲХДТ дар шаҳри Ваҳдат Раҳмоналӣ Амирзода, Абдураҳмон Хонзода роҳбари дастгоҳи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Ислом Ҳайдарзода раиси КИМ ҲХДТ дар шаҳри Ваҳдат, инчунин, муовинони раиси шаҳр, роҳбарони кумитаю ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, ва фаъолони ҳизб иштирок намуданд.
Маҷлисро раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Ваҳдат Ислом Ҳайдарзода ифтитоҳ намуда, зимнан масъалаҳои рӯзномарро баррасӣ намуд.
Ҳамзамон, гузориши раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри И. Ҳайдарзода оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти сохторҳои шаҳрии ҳизб дар соли 2025 шунида шуд.
Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳр иброз дошт, ки ҳизбиёни шаҳр бо мақсади сазовор таҷлил намудани Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ иқдоми навбатиро бо корҳои созандагию ободкорӣ ва саҳм гузоштан дар ободию шукуфоии Ватани азизамон роҳандозӣ менамоянд.
Дар маҷлис чунин масъалаҳо барррасӣ гариданд.
1. Гузориши Раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Ваҳдат «Дар бораи ҷамъбасти фаъолияти КИ ҲХДТ дар шаҳри Ваҳдат дар соли 2025 ва вазифахо барои нимсолаи якуми соли 2026".
2. Гузориши роҳбари гурӯҳи вакилии ҳизбӣ дар маҷлиси вакилони халқи шаҳри Ваҳдат "Дар бораи фаъолият дар соли 2025 ва тасдиқи нақшаи кории гурӯҳи вакилии ҳизбӣ барои соли 2026".
3. Дар бораи тасдиқи нақшаи чорабиниҳо вобаста ба шарҳу тавзех ва тарғибу ташвики Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16.12.2025.
4. Дар бораи тасдиқи нақшаи кории КИ ҲХДТ дар шаҳри Вахдат барои нимсолаи якуми соли 2026
5. Дар бораи тасдиқи нақшаи чорабиниҳо доир ба роҳандозии корҳои созандагию ободонӣ дар шаҳр дар соли чорӣ дар доираи эълон гардидани Соли 2026 соли вусъат додани корҳои ободонию созандагӣ ва тақвияту тахкими худшиносию худогохии миллӣ.
6. Масъалаҳои чорӣ.
Дар идома раиси шаҳри Ваҳдат Мирзо Исмоилзода, Абдураҳмон Хонзода роҳбари дастгоҳи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон вобаста ба фаъолияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Ваҳдат ва роҳбарони як қатор ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ баромад намуда, соли 2025 дар самти баланд бардоштани маърифати сиёсию маърифатии ҷавонон, истифодаи самараноки шабакаҳои иҷтимоӣ, ташаббусҳои вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри дар самти рушди инфрасохтори шаҳр ва баланд бардоштани маърифати оиладории занону модарони шаҳраку маҳаллаҳо, инчунин, ҷалби ҷавонон ба корҳои созандагию ободкорӣ ва ба ин васила пешгирии пошхӯрии оилаҳои ҷавон ибрози андеша намуда, фаъолияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Ваҳдатро дар давраи ҳисоботӣ қаноатбахш арзёбӣ намуданд.
Раиси шаҳр зикр дошт, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз рӯзҳои нахустини таъсисёбиаш бо иқдомҳои шоиста ва барномаҳои созандааш дар байни мардум беш аз пеш обрӯ ва нуфуз пайдо карда истодааст ва ҳадафи аслии ҳизб ҳам амалӣ сохтани ормонҳои мардуми мо мебошад. Зеро Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон маҳсули андешаи хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат буда, мактаби бузурги худшиносиву худогоҳии миллӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ, ташаккулёбӣ ва роҳнамои мардум ба рушди босуботи мамлакат мебошад.
Дар охир ба аъзоёни ҳизб сипоснома тақдим гардид.

Ҳамчунин дигар наворҳо: