БО МАҚСАДИ ПЕШГИРӢ АЗ ОМИЛҲОИ НОМАТЛУБ БО ХОНАНДАГОН, ОМӮЗГОРОН ВА ПАДАРУ МОДАРОН ДАР ШАҲРИ ВАҲДАТ ВОХӮРӢ ДОИР ШУД
Санаи 12 -уми январи соли 2026 гурӯҳи кории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар ҳамбастагӣ бо дигар сохторҳои дахлдор бо усули «Мактаб ба мактаб» бо мақсади шарҳу тавзеҳи нуктаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин, ҷиҳати таҳкими худшиносии миллӣ, боло бурдани ҳисси ватандӯстии шаҳрвандон, пешгирии амалҳои террористиву экстремистӣ, ҷинояту ҷинояткорӣ, тақлиди фарҳанги бегона, риояи қонунҳои миллӣ, ҷалби ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ва дигар масъалаҳо дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №109 бо хонандагону омӯзгорон ва падару модарон вохӯрӣ доир гардид. Дар вохӯрӣ муовини раиси шаҳр Баҳриддин Мирзозода ва дигар намояндагнон иштирок доштанд.
Гуфта шуд, ки фардои дурахшони Тоҷикистон маҳз аз сатҳи саводнокӣ ва маърифати баланди аҳли ҷомеа ва пешрафти илму техника вобаста мебошад. Аз ин рӯ, ҷалби ҷавонону наврасон ба илму дониш ва касбу ҳунар бояд дар маркази таваҷҷуҳи ҳамаи аҳли ҷомеа қарор дошта бошад. «Ҷавонон бояд дар зиндагӣ роҳи дурустро интихоб кунанд, рафтору кирдорашонро ба манфиати худ, оила, давлат ва ҷомеа равона карда, бо истифода аз фазои сулҳу оромии мамлакат ва имконияти фароҳамовардаи давлат ба касбомӯзӣ ва аз худ намудани илму дониш машғул шаванд»,- таъкид гардид дарвохӯрӣ. Намояндагони мақомоти давлатӣ, ҳамчунин, ба иштирокдорон моҳияти қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак», «Дар бораи маориф» ва «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон»-ро шарҳу тавзеҳ доданд.
Масъулин, ҳамзамон, оид ба пешгирии омилҳои номатлуб байни наврасону ҷавонон, ҷинояткорӣ, шомилшавӣ онҳо ба созмону гурӯҳҳои фаъолияташон дар кишвар манъшуда, ҷалби падару модар ба таълиму тарбияи фарзанд, ҳатмӣ будани таҳсил дар зинаи сеюми таҳсилот, коҳиш додани ҷудошавии оилаҳои ҷавон, омӯзонидани духтарон ба рӯзгордориву оиладорӣ, гиромӣ доштани фарҳанги либоспӯшии миллӣ ва саҳм гузоштан дар корҳои тозакориву ободонӣ изҳори андеша намуданд.
Миҳд шаҳри Ваҳдат
Ҳамчунин дигар наворҳо:



