ҶАМБАСТИ НИШОНДИҲАНДАҲОИ РУШДИ ИҶТИМОИЮ ИҚТИСОДИИ ШАҲРИ ВАҲДАТ ДАР СОЛИ 2025 ВА ВАЗИФАҲО БАРОИ СОЛИ 2026

10 янв 2026, 14:55
Слайдер / Соҳаҳо / Навид / Навигариҳо
6

 Санаи 10-уми январи соли 2026 дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлати шаҳри Ваҳдат, таҳти раёсати раиси шаҳр Мирзо Исмоилзода, ҷаласаи ҷамъбастии натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Ваҳдат дар соли 2025 доир гардид.
Дар он роҳбари гурӯҳи кории омодагӣ ба Ҷашни 35 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Ваҳдат, раиси ҶСК "Барқи тоҷик" Маҳмадумар Асозода иштирок намуданд.
Раиси шаҳр Мирзо Исмоилзода, ҷаласаро ҳусни оғоз бахшида, итилоъ дод, ки дар он роҳбари гурӯҳи корӣ, муовини аввали раиси шаҳр, муовинони раиси шаҳр, роҳбари дастгоҳи раиси шаҳр намояндагони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, сардорони идораву ташкилотҳои шаҳрӣ, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, мудирони шуъбаву бахшҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, роҳбарони корхонаҳои саноатӣ ҳузур доранд.
Муовини аввали раиси шаҳр Давлат Холиқзода, доир ба натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳр дар соли 2025 гузориш дод.
Бо таҳлили вазъи соҳаҳо раиси шаҳр барои ҷалби аҳолӣ ба корҳои ободониву созандагӣ, тарбияи наврасону ҷавонон дар руҳияи ватандӯстӣ, ба таҳсили пурра фаро гирифтани кӯдакону наврасон, пешгирии зуҳуроти номатлуб, аз ҷумла бегонапарастӣ, тарғиби фарҳангу либоси миллӣ, бунёди майдончаҳои варзишӣ ва ҷалби наврасону ҷавонон ба тарбияи ҷисмонӣ, ташкили озмунҳои китобхонӣ, таъмини муассисаҳои таълимӣ бо китобҳои дарсӣ, иҷрои нақшаи даъвати ҳарбӣ, истифодаи самараноки замин, риояи структураи кишти зироатҳо, фаъолсозии пойгоҳҳои обкашӣ, иҷрои нақшаи кишти пахтаву картошка, таъмини рушди соҳаи саноат, бунёди корхонаҳои нав ва ташкили ҷойҳои нави корӣ, истифодаи иқтидорҳои истеҳсолӣ, иҷрои нақшаи андозҳо, беҳтар намудани фаъолияти муассисаҳои соҳаҳои маорифу тандурустӣ, пешгирии вайроншавии оилаҳо ба муовинони раиси шаҳр ва роҳбарону фаъолон супоришҳои мушаххас доданд.
Инчунин, таваҷҷуҳи масъулини соҳаҳо ба ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта, иҷрои босифати буҷет, таъмини нақшаи истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ, омода намудани заминҳо ба мавсими кишти такрорӣ, вусъати корҳои ободонӣ ба муносибати Ҷашни 35 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бунёди муассисҳои таълимӣ ва дигар мавзуъҳо ҷалб карда шуд. Ҳамчунин, дигар масъалаҳои муҳими рӯз баррасӣ гардида ба масъулин тавсияҳо дода шуд.
Ҳамзамон, Маҳмадумар Асозода аз натиҷаҳои фаъолият дар таъмини рушди иқтисод, иҷрои нақшаи воридоти маблағ ба буҷет, фаъолияти корхонаҳои саноатию сохтмон, соҳаи кишоварзӣ, маориф, танзими анъана ва ҷашну маросим, кор бо занону ҷавонон, даъвати ҷавонон ба хидмати ҳарбӣ, бунёди муассисаҳои тамактабӣ, пешгирии ҳамроҳшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористию экстремистӣ, пешгирии қонунвайронкуниҳо байни ҷавонон, хурофотпарастӣ ва самаранок истифода бурдани неруи барқ натиҷагирӣ карда, барои бозҳам бештар ба даст овардани натиҷаҳои хубтар ба масъулини соҳаҳҳо тавсияҳо доданд.
Мирзо Исмоилзода, дар хотимаи ҷаласаи мазкур аз тамоми масъулин бори дигар даъват ба амал оварданд, ки баҳри амалӣ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумуҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи мо вазифадорем, ки корбариву коргузориро ҷиддӣ ба роҳ монда, дар иҷрои вазифаҳои ба зиммадошта масъулиятшинос бошем, то ин ки ба нишондиҳандаҳои хуб ноил гардем. Раиси шаҳр ба масъулон ҷиҳати дар сатҳи баланд Ҷашн гирифтани 35- солагии Истиқлоли давлатӣ ва ҷиҳати иҷрои надастуру супоришҳои Роҳбари давлат дар соли 2026 супориҳои мушаххас доданд.
Миҳд шаҳри Ваҳдат

Ҳамчунин дигар наворҳо: