ПАЁМ роҳнамо ба сӯйи ояндаи босаодат

08 янв 2026, 13:00
---
3

Ҳамасола бо натиҷагирӣ ва муайян намудани нақшаву барномаҳои мукаммал, ки ба рушди босуботи Тоҷикистони маҳбуб ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии сокинон мусоидат менамояд, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Паём ба Маҷлиси Олиро ироа менамоянд. Паёми Сарвари давлат – ҳамчун санади роҳнамову меҳварӣ – бурду бохти тамоми ҷанбаҳои фаъолияти мақомоти давлативу ҷамъиятиро фаро гирифта, дар заминаи он ҳадафҳои рушд дар тамоми соҳаҳо мушаххас мегарданд.

Ҷиҳати таблиғу ташвиқ ва шарҳу тавзеҳи муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ (16. 12. 2025), 24-уми декабр дар толори Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат бо иштироки муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шермуҳаммад Шоҳиён, раиси шаҳри Ваҳдат Мирзо Исмоилзода, вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шуҳрат Ғанизода ва Фарзона Хоҷазода ҳамоиш доир гардид.

Шермуҳаммад Шоҳиён оид ба нуктаҳои меҳварии Паём ибрози андеша карда, аз ҷумла баён дошт: «Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём яке аз масъалаҳои мубрами рӯзро зикр намуданд, ки ин зуҳуроти номатлуби замони муосир: терроризм, экстремизм, харидуфурӯши ғайриқонунии силоҳу маводи мухаддир ва дигар ҷиноятҳои фаромиллӣ мебошанд. Ин ҳолат мо – шаҳрвандонро водор месозад, ки ба масъалаҳои таъмини амнияти мамлакат диққати аввалиндараҷа диҳем. Чунки пайравони созмонҳои террористиву экстремистӣ барои ноором сохтани вазъият дар ҷомеа ва тафриқаандозиву барангехтани низоъҳои диниву мазҳабӣ кӯшиш карда, барои гумроҳ сохтани сокинони мамлакат, бахусус ҷавонон ва ба созмонҳои манъшуда ҷалб намудани онҳо аз шабакаҳои интернетӣ васеъ истифода мебаранд. Суханони Пешвои миллат дар ин маврид моро водор месозанд, ки ба баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолии мамлакат, хусусан ҷавонон, диққати зарурӣ дода, онҳоро дар руҳияи ватандӯстӣ, худогоҳиву худшиносии миллӣ тарбия намоем”.

Раиси шаҳри Ваҳдат Мирзо Исмоилзода изҳор дошт, ки: «бешубҳа, мардуми шарафманди тоҷик бо амалӣ намудани нуктаҳои Паёми Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон комёбиҳои нав ба навро ба даст меоранд ва дар соҳаҳои маорифу тандурустӣ, иқтисоду саноат ва илму фарҳанги мамлакат пешравиҳои назаррас рӯи кор меоянд. Ҳамчунин, ҷиҳати амалисозии ҳадафҳои созандаи Ҳукумати ҷумҳурӣ, махсусан баҳри рушди саноати ватанӣ ва некуаҳволии мардум қадамҳои устувор гузошта мешаванд. Аз ин лиҳоз, моро зарур аст, ки дастурҳои Роҳбари давлатро сармашқи кори худ қарор дода, якдилона иқдом ба корҳои созанда намоем».

Фарзона Хоҷазода оид ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии қабулнамудаи мақоми олии қонунбарори мамлакат сухан гуфта, таъкид сохт, ки қонунҳо ва қарорҳои қабулгардида, ба таъмини рушди устувори иқтисодию иҷтимоӣ, таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ, ҳифзи манфиатҳои давлатӣ, баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ ва таъмини ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон равона гардидаанд. Дастовардҳои муҳими даврони соҳибистиқлолӣ натиҷаи сиёсати оқилона ва дурбинонаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Иброз гардид, ки ба шарофати сулҳу суботи пойдор ва ваҳдати миллӣ имрӯз Ватани азизамон дар роҳи рушди устувор ва пешрафти ҳамаҷониба қарор дорад.

Зикруллоҳ РАҶАБЗОДА, “Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 7.01.2026 №: 3

Ҳамчунин дигар наворҳо: