ПАЁМИ ТАБРИКИИ РАИСИ ШАҲРИ ВАҲДАТ ИСМОИЛЗОДА МИРЗО ИБРОҲИМ БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ СОЛИ НАВИ МЕЛОДИИ 2026

Ҳамдиёрони арҷманд!
Боиси сарфарозист, ки мову шумо фарорасии Соли нави мелодиро дар фазои осоиштагиву субот, ваҳдату ҳамдилӣ ва бо дастовардҳои назарраси меҳнатӣ истиқбол мегирем.
Ба ин муносибат Шумо, сокинони сарбаланди шаҳри Ваҳдатро ба ифтихори Соли нави мелодии 2026 самимона шодбош гуфта, бароятон сарбаландӣ, саодатмандӣ ва дар зиндагию фаъолияти созандаатон барору муваффақиятҳои беназир таманно дорам.
Дар соли сипаришаванда раванди корҳои ободониву созандагӣ дар Ватани маҳбубамон таҳти роҳбарии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таври дастаҷамъонаву ҳадафманд тақвият ёфтанд. Дар ин раванди муҳим бо мақсади татбиқи нақшаҳои стратегии мамлакат ва таҳкими иқтидори иқтисодиву иҷтимоии давлатамон бо қадамҳои устувор пеш рафтем.
Аҳли заҳмат ва кулли сокинони сарбаланди шаҳри Ваҳдат дар ин раванд бо масъулияти баланди шаҳрвандӣ софдилонаву ватандӯстона заҳмат кашида, дар татбиқи нақшаҳои созандаи давлат ба хотири пешрафту ободии Ватани азизамон ба ҳадди имкону тавоноӣ саҳм гузоштанд.
Баргузории чорабиниҳои сиёсию фарҳангӣ, натиҷаҳои самаровари сафари кории Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Ваҳдат ва дар ин замина бунёди даҳо иншооти таъиноти гуногун бо таъсиси садҳо ҷойи нави корӣ, ба баланд гардидани сатҳу сифати зиндагии сокинони шаҳро мусоидат намуд.
Маврид ба зикри хос аст, ки фаъолон ва меҳнаткашони шаҳри Ваҳдат дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллатро, ки дар Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва зимни сафари корӣ дар шаҳр баён доштанд, дар меҳвари фаъолияти худ қарор дода, ҷиҳати сазовор истиқбол намудани ҷашни муқаддаси миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатӣ тамоми самтҳои муҳими хоҷагии халқи шаҳро таҳким бахшида шуданд.
Вобаста ба ин, дар доираи нақшаи корҳои ободониву созандагӣ бо ташаббусҳои шоиста ва дастгирии ташкилоту корхонаҳои давлатӣ, бахши хусусӣ, соҳибкорони ватандӯст, шахсони саховатпеша ва мардуми шарафманди шаҳр наздик ба 600 иншооту биноҳои хуштарҳи истеҳсоливу иҷтимоӣ ва хизматрасонӣ ба истифода дода шуда, ба ҳалли аксари мушкилоти иҷтимоии аҳолӣ мусоидат намуданд.
Мардуми худшиносу ватандӯсти шаҳри Ваҳдат дар сиёсати муваффақу бобарори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, собитқадам ва устувор буда, рушду пешрафт ва таъмини зиндагии шоистаро ба заҳматҳои бесобиқа ва хизматҳои мондагори Пешвои миллат мансуб медонанд.
Маврид ба ёдоварист, ки сокинони шаҳри Ваҳдат бодарназардошти вазъи мураккаби ҷаҳони муосир, вусъат пайдо намудани таҳдиду хатарҳои геосиёсӣ, бахусус паёмадҳои ногувори ҳодисаҳои террористию экстремистӣ, ҷиноятҳои киберӣ ва дигар ҷинояткориҳои муташаккили фаромиллӣ дар ҳифзи истиқлолу озодӣ, дастовардҳои таърихӣ, аз ҷумла пойдории сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ ва ҳимояи манфиатҳои милливу давлатӣ ҳамеша омода буда, дар ҳифзи сарҳади давлатӣ дар саргаҳи аввали ҳимояи давлат қарор доранд.
Бо мақсади тақвияти ташаббусҳои тарғиботӣ дар соли равон тамоми сокинони шаҳр бо усули “Хона ба хона”, “Макба ба мактаб” ва “Деҳа ба деҳа” ба корҳои фаҳмондадиҳӣ фаро гирифта шуда, бо мақсади сабзгардонии кӯчаву маҳал, истифодаи заминҳои наздиҳавлигӣ, баланд бардоштани ҳисси худогоҳӣ ва худшиносии миллӣ нақшаҳои наву созанда тарҳрезӣ гардиданд.
Итминон дорем, ки сокинони шаҳри Ваҳдат бо бардошт аз дастуру ҳидоятҳое, ки дар Паёми Президенти кишвар ба Маҷлиси Олӣ санаи 16-уми декабри 2025, оид ба самтҳои гуногуни сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакат ироа гардид, дар соли нави 2026 барои вусъати корҳои бунёдкориву созандагӣ, рушди минбаъдаи соҳаҳои кишоварзӣ, саноат, таъмини ҷойҳои нави корӣ, беҳтар намудани сифати хизматрасонии тиббӣ, рушди соҳаҳои маориф, фарҳанг, баланд бардоштани маърифати зеҳнии насли наврас бо назардошти элон гардидани солҳои 2025-2030 “Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия”, Соли 2026 эълон гардидани "Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ" ва маҷмуан ҷиҳати сифатан беҳтар намудани сатҳи зиндагии мардум пурмаҳсул заҳмат кашида, бо меҳнати созандаи худ дар рушди маҳал саҳми муносиб хоҳанд гузошт.
Бо ҳамин нияти нек, бори дигар Шумо, сокинони соҳибсаодати шаҳрро ба муносибати фарорасии Соли нави мелодӣ табрику таҳният гуфта, бароятон сиҳатмандиву рӯзгори осуда, бахти пояндаву иқболи нек ва зиндагии пурфайзу бобаракат орзу менамоям.
Соли нави мелодии 2026 муборак бошад, ҳамдиёрони азиз!
Ҳамчунин дигар наворҳо:



