ДАР ШАҲРИ ВАҲДАТ АКСИЯИ ТОЗАГӢ ЗЕРИ УНВОНИ "ШАҲРИ МО МАСЪУЛИЯТ МО" ГУЗАРОНИДА ШУД

Дар доираи дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хоричии Ҷумҳурии Тоҷикистон" (16-уми декабри соли 2025) ироа гардид ва бо мақсади вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ, дар доираи эълон гардидани соли 2026 "Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ" дар шаҳри Ваҳдат чанде пеш зери унвони “Шаҳри мо масъулият мо” аксияи тозагӣ бо ҷалби кормандони бахши Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар шаҳри Ваҳдат, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, ташкилоту муассисаҳо, ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти шаҳр ва дигар шуъбаю бахшҳо доир гардид.
Бояд гуфт, ки бо мақсади беҳтар намудани ҳолати санитарӣ-гигении муҳити зист, тозаву озода нигоҳ доштани ҷойҳои чамъиятӣ, баланд бардоштани маърифати экологӣ ва таҳкими ҳисси масъулиятшиносии шахрвандон нисбат ба табиат, тибқи нақшаи чорабиниҳои пешбинишуда аксияи тозагӣ ташкил ва баргузор карда шуд.
Дар доираи аксияи тозагии атрофи шоҳро, корхонаву муассисаҳо ва мавзеъҳои истироҳатӣ пурра тоза карда шуданд.
Гузаронидани чунин аксияҳои тозагиву ободонӣ баҳри баланд бардоштани тарбия ва маърифати экологӣ дар дигар минтақаҳои шаҳри Ваҳдат низ мунтазам амалӣ мегардад.
Ҳамзамон, масъулин баён доштанд, ки бо ҷалби васеи кормандони ниҳодҳои мақомоти маҳаллӣ ва иштироки фаъолонаи сокинони ҷамоату маҳаллаҳо аксияву шанбегиҳо доир мегарданд, ки барои тозаву обод намудани муҳити атроф ва беҳбудӣ бахшидан ба вазъи экологӣ мусоидат менамоянд.
Маврид ба зикр аст, ки дар чорабинии мазкур зиёда аз 21 техникаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва 2000 шаҳрвандон аз ташкилоту муассисаҳо ҷалб карда шудаанд.
Ҳамчунин дигар наворҳо:



