Табрикоти раиси шаҳри Ваҳдат муҳтарам Исмоилзода Мирзо ба муносибати Иди касбии кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

28 дек 2025, 11:06
Слайдер / Навид / Навигариҳо
3

 Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат тамоми кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, собиқадорон ва алоқамандони соҳаро ба муносибати Иди касбиашон самимона табрику муборакбод намуда, барояшон саломатӣ, рӯзгори ободу осуда ва дар иҷрои вазифаҳои муқаддасу пуршараф - ҳифзи Ватан, амнияти давлат, суботи ҷомеа, ҳимояи манфиатҳои давлат, таҳкими дастовардҳои даврони Истиқлоли ва мустаҳкам намудани иқтидори мудофиавии мамлакат комёбиҳо орзу менамояд.

Кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ҳомиёни воқеии кишвар ва амнияти мардум буда, ҳамчун неруи тавонои мудофиавӣ дар замони Истиқлоли давлатӣ ташаккулу такомул ёфтааст ва марзу буми кишвар таҳти муҳофизати ҳушёронаи онҳо қарор дорад.

Таҳти сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон бо дарки зарурӣ ҳалли мушкилоти хизматчиёни ҳарбӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохторҳои низомӣ баробари таъмин гардидани суботи сиёсӣ ҳамаи имкониятҳои мавҷударо ба хотири фароҳам овардани шароити мусоид ва муосир равона карда истодаанд. Воқеан ҳам, хизматчиёни ҳарбии сохторҳои низомӣ ва ҳайати шахсии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи мамлакат дар таъмини сулҳу суботи устувор, амнияти давлат ва мардум, таҳкими ваҳдати миллӣ, ки асоси пешрафту тараққиёти кишварамон мебошад, нақши бузург доранд. Бояд зикр намуд, ки кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар барқарор кардани сохти конститутсионӣ ва ҳокимияти қонунӣ, мубориза бар зидди дастаҳои мусаллаҳи ҷинояткор, дар пешгирии кӯшишҳои табаддулоти ҳарбии хоинони миллат ва ҳифзи сарҳади давлатӣ хизмати фидокоронаро анҷом дода, аз имтиҳону синҷиши ҷиддӣ гузаштаанд. Дар ин раванд, кормандони мақомоти амнияти миллӣ борҳо бо ҷасорату шуҷоат ва далериву матонати худ ватандӯстони асил буданашонро собит намудаанд.

Итминони комил дорам, ки кормандони мақомоти амнияти миллӣ чунин қудрату неру ва қобилияту зиракиро доранд ва ҳамеша дар иҷрои рисолати муқаддаси худ яъне, ҳифзи Ватан-Модар ва дифоъи манфиатҳои давлату миллат ҳамеша омодаанд.

Бори дигар, тамоми кормандони ин ниҳоди муҳими давлатиро бо Иди касбиашон табрик гуфта, барояшон саломатию сарбаландӣ, хонаи ободу рӯзгори шод ва дар иҷрои вазифаҳои басо мушкил, вале бошарафу пурифтихоратон барору комёбиҳо орзу менамоям.

Идатон муборак, ҳомиёни далеру шуҷои Ватан!

 

 

Ҳамчунин дигар наворҳо: