Изҳороти Маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

23-уми декабри соли 2025, соати 23:30 дақиқа се нафар аъзои ташкилоти террористӣ дар минтақаи муҳофизатии дидбонгоҳи сарҳадии №5-и «Боғ», Отряди сарҳадии 0341 «Сарчашма», воқеъ дар мавзеи Қавоқи ноҳияи Шамсиддин Шоҳин сарҳади давлатиро убур карда, аз Афғонистон ба хоки Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид шуданд.
Дар натиҷаи сари вақт амалӣ намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ соати 11:15 дақиқаи рӯзи 24 декабри соли ҷорӣ макони ҷойгиршавии террористон дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда шуд.
Террористон ба амри сарҳадбонони тоҷик барои таслим шудан итоат накарда, муқовимати мусаллаҳона нишон доданд. Онҳо мақсад доштанд, ки ба яке аз дидбонгоҳҳои сарҳадии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамлаи мусаллаҳона анҷом диҳанд.
Дар натиҷаи гузаронидани амалиёти ҷангӣ ҳар се нафар террористон безарар гардонида шуданд. Аз ҷои ҳодиса 3 адад силоҳи оташфишони тамғаҳои М-16, автомати Калашников, 3 адад таппончаи истеҳсоли хориҷӣ бо таҷҳизоти садохомӯшкунак, 10 адад норинҷакҳои дастӣ, як адад дурбини шаббин, маводи тарканда ва дигар муҳимоти ҷангӣ мусодира гардид.
Мутаассифона, зимни задухӯрди мусаллаҳона ва пешгирии ин амали террористӣ 2 нафар хизматчиёни ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Наврӯзбеков Зиреҳбон Нағзибекович ва Қурбонов Исматулло Ғуломович ҳалок гардиданд.
Дар як моҳи охир ин сеюмин ҳолати ҳуҷуми мусаллаҳона, содир намудани амали террористӣ ва убури сарҳади давлатӣ аз Афғонистон ба хоки Тоҷикистон аст, ки дар натиҷаи он кормандони мулкӣ ва хизматчиёни низомӣ ба ҳалокат расиданд.
Маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии
Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳамчунин дигар наворҳо:



