ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ - Санади роҳнамо ба сӯи ояндаи босаодат
Ҷиҳати таблиғу ташвиқ ва шарҳу тавзеҳи муҳтавои Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар санаи 24-уми декабри соли 2025, дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат ҳамоиш доир гардид. Дар ҳамоиши мазкур Шермуҳаммад Шоҳиён муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мирзо Исмоилзода раиси шаҳри Ваҳдат, Шуҳрат Ғанизода ва Фарзона Хоҷазода вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ карданд. Ҳамзамон, муовини аввали раиси шаҳр муовинони раис, роҳбарони сохторҳои қудратии шаҳр, раисони ҷамоатҳо, сародорони раёсату шуъбаҳои назди мақомоти маҳалӣ ва фаъолони шаҳр иштирок доштанд.
Дар оғоз раиси шаҳр меҳмононро ба шаҳри Ваҳдат хушомадед гуфта зикр карданд: “Ҳамасола бо натиҷагирӣ ва муайяну мушаххас намудани нақшаву барномаҳои мукаммал, ки ба рушди босуботи Тоҷикистони маҳбуб ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии шоистаи сокинон мусоидат менамояд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Паёми хешро ба Маҷлиси Олии кишавр ироа намуданд. Паёми Пешвои миллат ҳамчун санади роҳнамову меҳварӣ бурду бохти тамоми ҷанбаҳои фаъолияти мақомоти давлативу ҷамъиятиро фаро гирифта, дар заминаи он ҳадафҳои рушд дар тамоми соҳаҳо мушаххас мегарданд”.
Сипас, Шуҳрат Ғанизода изҳор дошт, ки «мардуми шарафманди тоҷик бо амалӣ намудани нуктаҳои Паёми навбатии пурмуҳтавои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба комёбиҳои нав сазовор мегарданд ва дар соҳаҳои маорифу тандурустӣ, иқтисоду саноат ва илму фарҳанги мамлакат пешравиҳои назаррас рӯи кор меоянд. Ҳамчунин, ҷиҳати амалисозии ҳадафҳои созандаи Ҳукумати ҷумҳурӣ, махсусан баҳри рушди саноати ватанӣ ва некуаҳволии мардум қадамҳои устувор гузошта мешаванд. Аз ин лиҳоз, моро зарур аст, ки дастуру супоришҳои Пешвои миллатро сармашқи кори худ қарор дода, якдилона иқдом ба корҳои созанда намоем. Паёми навбатии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун барномаи фаъолият барои кормандони соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ арзёбӣ гардида, мо вакилон баҳри пешрафти фаъолияти кориамон дар доираи ҳидоятҳои Сарвари давлат нақшаи махсус тарҳрезӣ намуда, аз рӯйи он барои рушди ҷомеа ва шукуфоии Ватан амал мекунем».
Ҳамзамон, дар ҷараёни ҳамоиш Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии мамлакат мавриди шарҳу тафсир қарор гирифта, гуфта шуд, ки Паём ҳамчун дастурамали фаъолият вазифаҳои моро муайян намуда, аз ҳар яки мо тақозо менамояд, ки ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Сарвари давлат софдилонаву содиқона меҳнат намуда, барои фардои гулафшони Ватани азизамон саъю кӯшиш намоем.
Фарзона Хоҷазода, оид ба санадҳои меъёрию ҳуқуқии қабулнамудаи мақоми олии қонунбарори мамлакат сухан гуфта, таъкид намуд, ки қонунҳо ва қарорҳои қабулгардида ба таъмини рушди устувори иқтисодию иҷтимоӣ, таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ, ҳифзи манфиатҳои давлатӣ, баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ ва таъмини ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон равона гардидаанд. Дастовардҳои муҳими даврони соҳибистиқлолӣ натиҷаи сиёсати оқилона ва дурбинонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд. Иброз гардид, ки бо шарофати сулҳу суботи пойдор ва ваҳдати миллӣ имрӯз Тоҷикистон дар роҳи рушди устувор ва пешрафти ҳамаҷониба қарор дорад.
Шермуҳаммад Шоҳиён муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфт, ки «Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатӣ яке аз масъалаҳои мубрами рӯзро зикр намуданд, ки ин зуҳуроти номатлуби замони муосир- терроризм, экстремизм, қочоқи силоҳ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, киберҷиноятҳо ва дигар ҷиноятҳои фаромиллӣ мебошанд. Ин ҳолат мо, шаҳрвандонро водор месозад, ки ба масъалаҳои таъмини амнияти мамлакат диққати аввалиндараҷа диҳем. Чунки пайравони созмонҳои террористиву экстремистӣ барои ноором сохтани вазъият дар ҷомеа ва тафриқаандозиву барангехтани низоъҳои диниву мазҳабӣ кӯшиш карда, барои гумроҳ сохтани сокинони мамлакат, бахусус ҷавонон ва ба созмонҳои манъшуда ҷалб намудани онҳо аз шабакаҳои интернетӣ васеъ истифода мебаранд».
Гуфта шуд, ки махсусан ҷавонон, ки ҳоло ба маънои аслии зиндагӣ сарфаҳм намераванд, ҳадафи мақсадноки ин гуна гурӯҳҳо ва ташвиқгарон қарор мегарданд. Суханони Пешвои миллат моро водор месозад, ки ба баланд бардоштани сатҳи фарҳангӣ-сиёсӣ ва маърифати ҳуқуқии аҳолии мамлакат, хусусан ҷавонон диққати махсус зоҳир намуда, онҳоро дар рӯҳияи ватандӯстӣ, худогоҳиву худшиносии миллӣ тарбия намоем. Наврасону ҷавононро бояд ба анҷом додани ободкорию созандагӣ, ҳифзи дастовардҳои истиқлолият, таҳким бахшидани ваҳдати миллӣ омода созем. Ҳар фарди соҳибхиради Тоҷикистон бояд бо дарки баланди ватандорӣ дар атрофи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷамъ омада, баҳри пойдории сулҳу субот хизмат намояд.
Мирзо Исмоилзода раиси шаҳри Ваҳдат зикр намуд: “Паёми навбатии Сарвари давлат ба Маҷлиси Олии кишвар барои кулли сокинони мамлакат ҳамчун як ҳуҷҷати муҳим ба шумор рафта, он дар баробари таҳлил ва баррасии фаъолияти соҳаҳои гуногун дар соли 2025, инчунин, нақшаҳои амал барои рушди фаъолияти минбаъдаи ҷабҳаҳои гуногуни мамлакатро дарбар мегирад. Ҳамзамон, доир ба самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии мамлакат, ба роҳ мондани корҳои созандагию ободонӣ ҷиҳати рушди маҳал, тарбияи насли ҷавон дар руҳияи донишомӯзӣ ва ҳунаромӯзӣ, баланд бардоштани эҳсоси ватанпарастӣ ва омода будан ба хизмати ҳарбӣ, пешгирии шомилшавии сокинон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ сухан гуфтанд. Ҳамчунин, ҷиҳати амалисозии ҳадафҳои созандаи Ҳукумати ҷумҳурӣ, махсусан баҳри рушди саноати ватанӣ ва беҳзистии мардум қадамҳои устувор гузошта мешаванд. Аз ин рӯ, зарур аст, ки дастуру супоришҳои Пешвои миллатро сармашқи кори худ қарор дода, якдилона иқдом ба корҳои созанда намоем. Моро зарур аст, ки Паёми Сарвари давлатро сармашқи фаъолияти худ қарор дода, ҷиҳати иҷрои саривақтии нақшаи чорабиниҳои Паём тадбирҳои заруриро амалӣ намоем-, афзуд раиси шаҳр”.
Ҳамчунин дигар наворҳо:



