ШАҲРУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ ДАР ШАҲРИ ВАҲДАТ

23 дек 2025, 13:06
Слайдер / Соҳаҳо / Маориф / Навид / Навигариҳо
9

  Ҷиҳати таблиғу ташвиқ ва шарҳу тавзеҳи муҳтавои Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар имрӯз дар толори раёсати маорифи шаҳри Ваҳдат бо аҳли маорифи шаҳр мулоқот доир шуд.  Дар он вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарзона Хоҷазода, муовини раиси шаҳр Шоира Абдураҳимзода  ва дигар намояндагон иштирок ва суханронӣ карданд.

Ҳамзамон, иштирокдорон доир ба самтҳои асосии Паёми Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ибрози андеша карда татбиқи амалии онро ҷиҳати таҳкими рукнҳои давлатдории миллӣ, рушди илму маориф, иқтисоди кишвар муҳим арзёбӣ намуданд.

Баҳри рушду пешрафти тамоми самтҳои стратегии кишвар ва баланд бардоштани сатҳи зиндагӣ, саҳм гузоштан дар ободии диёр, ҷалби бештари сайёҳон ва рушду эҳёи ҳунарҳои мардумӣ ҳар шахси худогоҳу ватандӯстро мебояд аз худ нақше гузорад. Зикр шуд, ки Паёми навбатии Сарвари давлат ба Маҷлиси Олии кишвар барои кулли сокинони мамлакат ҳамчун як ҳуҷҷати муҳим ба шумор рафта, он дар баробари таҳлил ва баррасии фаъолияти соҳаҳои гуногун дар соли 2025, инчунин, нақшаҳои амал барои рушди фаъолияти минбаъдаи ҷабҳаҳои гуногуни мамлакатро дарбар мегирад. Ҳамзамон, доир ба самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии мамлакат, ба роҳ мондани корҳои созандагию ободонӣ ҷиҳати рушди маҳал, тарбияи насли ҷавон дар руҳияи донишомӯзӣ ва ҳунаромӯзӣ, баланд бардоштани эҳсоси ватанпарастӣ ва омода будан ба хизмати ҳарбӣ, пешгирии шомилшавии сокинон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ сухан гуфтанд. Ҳамчунин, ҷиҳати амалисозии ҳадафҳои созандаи Ҳукумати ҷумҳурӣ, махсусан баҳри рушди саноати ватанӣ ва беҳзистии мардум қадамҳои устувор гузошта мешаванд. Аз ин рӯ, зарур аст, ки дастуру супоришҳои Пешвои миллатро сармашқи кори худ қарор дода, якдилона иқдом ба корҳои созанда намоем,- гуфта шуд зимни мулоқот.
«Омӯзиши нуктаҳои Паёми Президенти Тоҷикистон ва дар амал татбиқ намудани ин ҳадафҳои бузург вазифаи омӯзгорон мебошад. Зеро аҳли зиё бояд дар рушди ватани азизамон, баланд бардоштани мақоми шаҳрванд дар ҷомеа ва сатҳу сифати маориф саҳми асосӣ гузошта, дар ин ҷода сидқан фаъолият намоянд»,-иброз гардид дар мулоқот.

Иброз гардид: «дар Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ соҳаи маориф ва илм чун самти муҳими сиёсати давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳлил шуд. Дар даврони соҳибистиқлолӣ бо ташаббусҳои беназир ва роҳнамоию дастгириҳои пайвастаи Президенти мамлакат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақоми омӯзгор дар ҷомеа баланд гардида, соҳаи маориф ва илм дар рушду нумуъ мебошад. Президенти Тоҷикистон барҳақ таъкид намуданд: «Ҳамеша дар хотир бояд дошт, ки ҳама пешравию пирӯзии ҳар давлат ва ҷомеаро мактабу маориф ва илму дониш таъмин мекунад». Бинобар ин, Ҳукумати ҷумҳурӣ дар марҳалаи кунунии пешрафти Тоҷикистон ба соҳаҳои илму маориф афзалияти аввалиндараҷа додааст, зеро дар онҳо таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ ва ҳуқуқбунёду дунявӣ нақши калидӣ мебозад. Бо истифода аз фурсат, мехоҳам ба падару модарон, омӯзгорон ва аҳли ҷомеа муроҷиат карда, бори дигар таъкид намоям, ки ба масъалаи нигоҳубин ва таълиму тарбияи дурусти фарзандон бо камоли масъулият муносибат намоянд. Мо бояд дар хотир дошта бошем, ки ояндаи давлату миллат аз насли босаводу донишманд, соҳибкасбу соҳибҳунар, соҳибмаърифату соҳибфарҳанг, дур аз таассубу хурофот, ватандӯсту ватанпараст ва дорои ҳисси баланди худшиносии миллӣ вобастагии амиқ дорад.”

Моро зарур аст, ки Паёми Сарвари давлатро сармашқи фаъолияти худ қарор дода, ҷиҳати иҷрои саривақтии нақшаи чорабиниҳои Паём тадбирҳои заруриро амалӣ намоем, афзуд вакил дар хатми суханронияш.

 

Ҳамчунин дигар наворҳо: