БАХШИДА БА РӮЗИ КОРМАНДОНИ СОҲАИ ЭНЕРГЕТИКА ДАР ШАҲРИ ВАҲДАТ ЧОРАБИНӢ ДОИР ГАРДИД
Бахшида ба Рӯзи кормандони соҳаи энергетика дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат бо иштироки роҳбарияти шаҳр чорабинӣ баргузор гардид.
Раиси шаҳри Ваҳдат муҳтарам Мирзо Исмоилзода иштирокдорони чорабиниро бо таҷлили рӯзи касбиашон таҳният гуфта, иброз доштан: “Фаъолияти пурсамари кормандони соҳаи энергетика ва рушди он ба тараққиёти муназзами иқтисодии Тоҷикистон, хусусан, дар самти татбиқи ҳадафҳои стратегии ҷумҳурӣ нақши калидиро мебозад”.
Ҳамчунин, таъкид гардид, ки дар замони соҳибистиқлолии ҷумҳурӣ бо дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба бунёди иншооти энергетикӣ, умуман рушди соҳа эътибори махсус равона гардидааст. Ёдоварӣ шуд, ки 16-уми ноябри соли 2018 ва 9-уми сентябри соли 2021 дар таърихи давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлол дар соҳаи энергетика рӯйдоди муҳиму тақдирсоз ба вуқӯъ пайваста, қадами устуворе барои расидан ба истиқлолияти комили энергетикӣ гузошта шуд. Аз ҷумла, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани агрегати якум ва дуюми Неругоҳи барқи обии «Роғун» ҷумҳуриро ба истиқлолияти энергетикӣ наздик намуд. Баъди пурра ба истифода додани неругоҳ дар мамлакат даҳҳо корхонаи хурду бузурги саноатӣ бунёд ва ҳазорҳо ҷойҳои нави корӣ таъсис дода шуданд.
“Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дарназардошти он ки ягон давлат тараққиёти худро бе рушди энергетика таъмин намуда наметавонад, истиқлолияти энергетикӣ ва истифодаи самарабахши неруи барқро ҳамчун яке аз ҳадафҳои стратегии Тоҷикистон муайян намуданд. Бо итминони комил метавон гуфт, ки имрӯз аз ҷониби аҳолии шаҳри Ваҳдат ва ташкилоту муассисаҳо, идораву корхонаҳо дар истифодаи неруи барқ ба сарфакорӣ роҳ дода, бо ин амали худ дар рушди устувори соҳаҳои хоҷагии халқ саҳми худро гузошта истодаанд”-, гуфт раиси шаҳр.
Раиси шаҳр оид ба дастоварди соҳаи энергетика дар шаҳр ибрози назар намуда, кормандони Шабакаҳои барқии шаҳри Ваҳдатро ва дигар кормандони соҳаро ҷиҳати вусъати фаъолият ва баланд бардоштани сатҳу сифати он даъват намуд.
Дар чорабинӣ як қатор кормандони соҳа бо ифтихорномаи раиси шаҳри Ваҳдат сарфароз гардонида шуданд.
Ёдовар мешавем, ки 22 декабр дар Тоҷикистон Рӯзи энергетикҳо эълон гардидааст. Ҳадафи энергетикҳои мамлакат боз ҳам бештар аз худ намудани захираҳои гидроэнергетикӣ, афзоиши истеҳсоли неруи барқ ва таъмини эҳтиёҷоти соҳаҳои гуногуни иқтисод ва сокинони ҷумҳурӣ бо неруи барқи доимӣ мебошад.
Ҳамчунин дигар наворҳо:



