ТАМОШОИ ДАСТАҶАМЪОНАИ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАҶЛИСИ ОЛӢ ДАР ШАҲРИ ВАҲДАТ

16 дек 2025, 14:03
Слайдер / Соҳаҳо / Навид / Навигариҳо
8
   Имрӯз Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» ба таври мустақим ироа гардид.
Вобаста ба ин, дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат бо иштироки раиси шаҳр муҳтарам Исмоилзода Мирзо Иброҳим, муовини якум ва муовинони раиси шаҳр, роҳбари дастгоҳи раиси шаҳр, сардорону кормандони раёсат, шуъба ва бахшҳои мақомоти иҷроия ва воҳидҳои сохтории он, аъзо ва кормандони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, роҳбарони ташкилоту муассисаҳои ҳудуди шаҳр, соҳаҳои маориф ва тандурустӣ бо як самимияти хосса тариқи шабакаи телевизионӣ дастаҷамъона Паёмро тамошо карданд. Ҳамзамон, ёдрас менамоем, ки чунин тамошои дастаҷамъона дар тамоми ташкилоту муассисаҳои ҳудуди шаҳри Ваҳдат ба роҳ монда шудааст.

Ҳамчунин дигар наворҳо: