БО МАҚСАДИ ПЕШГИРӢ АЗ ОМИЛҲОИ НОМАТЛУБ БО ХОНАНДАГОН, ОМӮЗГОРОН ВА ПАДАРУ МОДАРОН ВОХӮРӢ ДОИР ГАРДИД

10 дек 2025, 15:55
Слайдер / Соҳаҳо / Маориф / Навид / Навигариҳо
17

 Санаи 10. 12.2025 дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №99-и деҳаи Кабирободи Ҷамоати деҳоти Абдулло Абдулвосиев, гурӯҳи кории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар ҳамбастагӣ бо дигар сохторҳои дахлдор бо усули «Мактаб ба мактаб» бо хонандагон, омӯзгорон ва падару модарон вохӯрӣ доир намуд.

Дар вохӯрӣ муовини раиси шаҳр Баҳриддин Мирзозода,  сардори раёсати маорифи шаҳр Зиёратшоҳ Назрулозода, сардори шуъбаи кор бо занон ва оилаи МИҲД шаҳр Давлатова Гулбаҳор ва дигар намояндагнон иштирок доштанд.

Гуфта шуд, ки фардои дурахшони Тоҷикистон маҳз аз сатҳи саводнокӣ ва маърифати баланди аҳли ҷомеа ва пешрафти илму техника вобаста мебошад. Аз ин рӯ, ҷалби ҷавонону наврасон ба илму дониш ва касбу ҳунар бояд дар маркази таваҷҷуҳи ҳамаи аҳли ҷомеа қарор дошта бошад.

«Ҷавонон бояд дар зиндагӣ роҳи дурустро интихоб кунанд, рафтору кирдорашонро ба манфиати худ, оила, давлат ва ҷомеа равона карда, бо истифода аз фазои сулҳу оромии мамлакат ва имконияти фароҳамовардаи давлат ба касбомӯзӣ ва аз худ намудани илму дониш машғул шаванд»,- таъкид гардид дар вохӯрӣ.

Намояндагони мақомоти давлатӣ, ҳамчунин, ба иштирокдорон моҳияти қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак», «Дар бораи маориф» ва «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон»-ро шарҳу тавзеҳ доданд.

Масъулин, ҳамзамон, оид ба пешгирии омилҳои номатлуб байни наврасону ҷавонон, ҷинояткорӣ, шомилшавӣ онҳо ба созмону гурӯҳҳои фаъолияташон дар кишвар манъшуда, ҷалби падару модар ба таълиму тарбияи фарзанд, ҳатмӣ будани таҳсил дар зинаи сеюми таҳсилот, коҳиш додани ҷудошавии оилаҳои ҷавон, омӯзонидани духтарон ба рӯзгордориву оиладорӣ, гиромӣ доштани фарҳанги либоспӯшии миллӣ ва саҳм гузоштан дар корҳои тозакориву ободонӣ изҳори андеша намуданд.

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Ҳамчунин дигар наворҳо: