САНҶИШИ ОМОДАБОШИИ ҲАРБӢ ДАР ШАҲРИ ВАҲДАТ
Имрӯз, санаи 11-уми декабри соли 2025 дар дар варзишгоҳи марказии шаҳри Ваҳдат бо иштироки афсарон ва шаҳрвандони дар эҳтиёти хизмати ҳарбӣ қарордошта бонги санҷишии умумишаҳрӣ баргузор гардид.
Дар чорабинӣ сардори Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини якуми вазири мудофиа генерал-лейтенант Саидзода Бобоҷон Абдуқодир, раиси шаҳр Исмоилзода Мирзо Иброҳим , роҳбарияти комиссариати ҳарбии шаҳр, роҳбарони сохторҳои қудратии шаҳр, муовини аввал, муовинони раиси шаҳр, намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат ва сокинони шаҳр иштирок доштанд.
Зимни чорабинӣ зикр гардид, ки мақсади асосии баргузории бонги санҷишӣ санҷидани сатҳи омодагии шаҳрвандони эҳтиётӣ ба ҳимояи Ватан, баланд бардоштани масъулияти ватандорӣ, ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти маҳаллӣ ва сохторҳои ҳарбӣ дар шароити эҳтимолии сафарбарӣ мебошад.
Дар ҷараёни санҷиш сатҳи дониш, малака ва омодагии ҷисмонию руҳии иштирокдорон мавриди баҳодиҳӣ қарор гирифта, қобилияти мақомоти маҳаллӣ дар ташкили амалӣ ва саривақтии сафарбаркунии эҳтиётӣ низ санҷида шуд.
Ёдовар мешавем, ки чунин чорабиниҳои санҷишӣ мутобиқи нақшаи Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳ дар тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ баргузор гардида, ба таҳкими низоми дифоъ ва баланд бардоштани ҳисси масъулияти шаҳрвандон мусоидат менамоянд.
Дар анҷоми ҳамоиш ба як қатор афсарони эҳтиётӣ рутбаҳои навбатии ҳарбӣ супурда шуда, ба волидони сарбозон, ки фарзандонашон дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон хизмат мекунанд, сипосномаи Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдим гардида, ба рафти омодабошии афсарони дар эҳтиёт қарордошта баҳои баланд дода шуд.
Иттилоъ дода шуд, ки бо талошҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар солҳои соҳибистиқлолӣ Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба неруи пурқудрати ҳимоятгари давлату халқи Тоҷикистон табдил ёфта, имрўз қодиранд, манфиатҳои давлати соҳибистиқлоламонро сарбаландона ҳимоя намоянд. Тадриҷан беҳтар шудани таъминоти қисмҳои низомӣ, шаклан ва мазмунан тағйир ёфтани ҷараёни корҳои тарбиявию сиёсӣ, мунтазам гузаронидани машқҳои ҳарбӣ боиси рўз аз рўз афзудани маҳорати касбию ҷангии сарбозон мегарданд.
Ҳамзамон, сокинони ватандӯсти шаҳри Ваҳдат зикр карданд: “Ҳар яки мо тамоми имконияту неру ва маҳорату малакаи худро барои садоқат ба савганди ҳарбӣ, ҷасорату мардонагӣ, ҳимояи боэътимоди истиқлолу озодӣ ва марзу буми давлатӣ равона намуда, дар ин роҳ ҷоннисорӣ менамоем”.
Дар охир ба якқатор фаъолон сипосномаҳо супурда шуд.
Ҳамчунин дигар наворҳо:



