МУЛОҚОТИ ГУРӮҲИ КОРӢ БО ОМӮЗГОРОНУ ХОНАНДАГОН ВА ВОЛИДАЙНИ ОНҲО БО УСУЛИ “МАКТАБ БА МАКТАБ”
Санаи 9- уми декабри соли равон бо усули "Мактаб ба мактаб" бо волидайну омӯзгорон ва хонандагони Муассисаи таҳсилоти умумии асосии №96 мулоқот доир гардид. Дар он намояндагон аз шуъбаю бахшҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр иштирок намуда, оид ба дастуру ҳидоятҳои Президенти мамлакат, ки зимни ироаи Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» ҷиҳати донишомӯзии ҷавонон, омӯхтани забонҳои хориҷӣ, таваҷҷуҳи зиёд додан ба фанҳои дақиқ, дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ, дар руҳияи ватандӯстӣ тарбия намудани насли ҷавон, ободии ҷумҳурӣ, ҳифзи амният ва оромии ҷомеа баён намуданд, сухан гуфта шуд. Дар рафти мулоқот муҳтавои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак», «Дар бораи маориф» ва «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» фаҳмонида шуданд.Инчунин, масъалаҳои пешгирии омилҳои номатлуб байни наврасону ҷавонон, ҷинояткорӣ, пешгирии онҳо аз ҳамроҳшавӣ ба гурӯҳҳои экстремистию террористӣ, ҷалби падару модарон ба таълиму тарбияи фарзанд, ҳатмӣ будани таҳсил дар зинаи сеюми таҳсил ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз муҳокима гардиданд.
Бо омӯзгорон масъалаи маҳдудияти барқ шарҳу тавзеҳ дода шуда, сабабҳои воқеии норасоии барқ гуфта шуд, ки (гармшавии иқлим – моҳи якуми зимистон ба охир мерасад, лекин ҳаво ҳанӯз гарм аст, паст шудани сатҳи обанборҳо, хусусан обанбори НБО “Норак” аст). Аз ин рӯ, сокинонро мебоист барқро самаранок истфода бурдан аз қувваи барқ ва сабру таҳаммул дар баробари ин мушкилоти муваққатӣ, зеро то соли 2027 пурра маҳдудияти барқ дар кишвар бартараф хоҳад гардид. Инчунин, дагар намояндагон баромад карда иброз доштанд, ки дар ин давраи бисёр ҳам печида ва ҳассоси тағйирёбии вазъи сиёсии ҷаҳон ва минтақа ҷавононро зарур аст, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, фирефтаи ҳар гуна гурӯҳҳои манфиатҷӯ нагарданд. Аз ин рӯ, падару модарон бояд фарзандонро ба хизмати Ватан-Модар омода намоянд. Чунки хизмат дар сафи Артиши миллӣ барои ҳар ҷавони худогоҳи тоҷик шарафи бузург аст. Хизмати ҳарбӣ ҷавононро обутоб дода, солиму неруманд мегардонад ва онҳо минбаъд дар зиндагӣ устуворона қадам мениҳанд. Гуфта шуд, ки дар ҷомеаи мо нафароне ҳастанд, ки дар либоспӯшӣ ба фарҳанги бегона такя намуда, аз доираи арзишҳои миллии худ берун мераванд.
Миҳд шаҳри Ваҳдат
Ҳамчунин дигар наворҳо:
Суханронӣ дар маҷлиси тантанавӣ ба ифтихори 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳамватанони азиз! Ҳозирини гиромӣ! Дар таърихи давлату миллатҳои ҷаҳон рӯйдодҳое ба вуқӯъ мепайванданд, ки сарнавишт ва роҳи минбаъдаи онҳоро муайян мекунанд. Чунин рӯйдоди муҳим дар таърихи
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Модар
Модарону бонувони муҳтарам ва хоҳарону духтарони меҳрубон! Мулоқоти идонаи мо ба ифтихори Рӯзи модар дар оғози фасли зебои баҳор, эҳёи тамоми мавҷудоти табиат ва арафаи таҷлили ҷашни Наврӯзи
Ироаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар»
Ироаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар»



