МАҶЛИСИ НАЗОРАТИИ НАЗДИ РАИСИ ШАҲР

08 дек 2025, 10:04
Слайдер / Саноат / Маориф / Соҳаҳо / Навид / Навигариҳо
4

Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат таҳти раёсати раиси шаҳр муҳтарам Исмоилзода Мирзо Иброҳим маҷлиси назоратии раиси шаҳр доир гардид.

Дар ҷаласа муовини якум, муовинон ва роҳбари дастгоҳи раиси шаҳр, сардорони раёсат, мудирони шуъбаву бахшҳои дастгоҳ ва кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, роҳбарони корхонаҳо, ташкилоту муассисаҳои таълимию фарҳангӣ ва тиббии шаҳр, раисони ҷамоатҳо, инчунин, дигар намояндагон иштирок доштанд.

Дар кори ҷаласа масъалаҳо ҷиҳати дуруст ба роҳ мондани кишти такрории зироатҳои кишоварзӣ, зиёд намудани истеҳсолоти корхонаҳои саноатӣ ва фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ, иҷрои саривақтии нақшаи андоз сарфакорона истифода бурдани неруи барқ, назорати ҷиддӣ бурдан дар муассисаҳои таълимӣ, фаъолона иштирок намудани хонандагон дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ, вусъати корҳои ободониву созандагӣ, бартараф намудани норасоии кадрҳо дар соҳаҳои мухталиф, пешгирӣ намудани ҳодисаҳои вайроншавии оилаҳо, гузаронидани корҳои таблиғотиву ташвиқотӣ миёни аҳолӣ мавриди муҳокимаронӣ қарор дода шуд.

Дар идомаи ҷаласаи корӣ аз пешрафт ва фаъолияти тамоми соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии шаҳри Ваҳдат баҳо дода ҳамзамон таъкид намуданд, ки ҳар як роҳбари ташкилоту муассиса новобаста аз шакли моликият дар амалӣ ва татбиқ намудани сиёсати созандаву бунёдкоронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муваззаф мебошанд.

Дар фарҷом раиси шаҳр ҷиҳати пешбурди фаъолияти самаранок ва баҳри иҷрои нақшаҳои пешгузошта, вусъати корҳои ободониву бунёдкорӣ, бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта, корҳои тарғиботиву иттилоърасонӣ ба мардум, даъвати аҳолӣ ба саҳмгузорӣ дар ободониву бунёдкорӣ ва дигар тадбирҳо ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дода шуда то ин ки ба нишондиҳандаҳои мусбат ноил гардем.

Изҳори итминон карда шуд, ки сокинони шаҳри Ваҳдат дар партави сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки зиндагии шоистаро ба мардуми кишвар ҳадаф қарор додааст ва иҷрои дастуру супоришҳои Роҳбари давлат муттаҳид шуда, дучанд ҷаҳду талош хоҳанд намуд.

 

Ҳамчунин дигар наворҳо: