ОҒОЗИ МАШҚИ МУКАММАЛИ МУДОФИАИ ГРАЖДАНӢ ДАР ШАҲРИ ВАҲДАТ
Оғоз аз 18 то 20- уми ноябри соли 2025, дар шаҳри Ваҳдат чорабинӣ «Оид ба ташкил ва гузаронидани санчиш ва машқи мукаммали ҳолати мудофиаи гражданӣ, системаи ягонаи давлатӣ пешгирӣ ва рафъи холатҳои фавқулодда дар шаҳр” доир мегардад.
Имрӯз дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат марҳилаи якум бо эълони бонги ҷамъшавӣ ҷаласа дар бораи гузаронидани машқи мукаммали зернизоми ҳудудии низоми ягона оид ба пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулода баргузор карда шуд. Машқи мазкур тибқи нақшаи чорабиниҳои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба гузаронидани санҷиши ҳолати омодагӣ ва машқи мукаммали зернизоми ҳудудии Низоми ягона оид ба пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда дар шаҳри Ваҳдат” бо мақсади таъмини омодагии доимӣ, ҷиҳати иҷрои вазифаҳо ва саривақт бартараф намудани оқибатҳои ҳолатҳои фавқулода, мусоидат намудан барои устувории фаъолияти ташкилотҳо дар ҳолатҳои фавқулодда гузаронида мешавад.
Дар чорабинии мазкур раиси шаҳр муҳтарам Мирзо Исмоилзода, муовини аввал ва муовинони раиси шаҳр, сардорони раёсатҳо, мудирони шуъбаву бахшҳои дастгоҳи раис, намояндагони комиссари ҳарбии шаҳр, роҳбарони ташктилоту муассисаҳо, инчунин, фаъолон, аз ҷумла роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва сокинон иштирок доштанд.
Мақсад аз баргузории ин чорабинии муҳим омодабошии шаҳрвандон ҳангоми мудофиаи ҳудудӣ, ҳимояи сарҳади давлатӣ, омодабошии ҷангӣ, тайёрии дастаҳои худмуҳофизати минтақаҳои мудофиаи ҳудудӣ, муҳофизати иншооти муҳимми давлатӣ, пешгирии хатарҳои диверсионию тахрибкорӣ аз ҷониби дастаҳои мусаллаҳ, ташкили хадамоти комендантӣ ва инчунин, омодагии захираҳои ҳайати афсарию шаҳрвандони дар эҳтиёт қарордошта арзёбӣ гардид.
Маврид ба ёдоварист, ки аз 18 то 20-уми ноябри соли 2025, санҷиши ҳолати омодагӣ ва машқи мукаммали зернизоми ҳудудии Низоми ягонаи давлатӣ оид ба пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулода дар мавзўи: «Амали ҳайати роҳбарикунандаи зернизоми вазифавӣ ва ҳудудии Низоми ягонаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулодда дар шаҳри Ваҳдат ҳангоми иҷрои чорабиниҳои бартарафкунии оқибатҳои табиӣ баргузор гардида истодааст.
Ҳамчунин дигар наворҳо:



