ҶАЛАСАИ НАЗОРАТИИ НАЗДИ РАИСИ ШАҲРИ ВАҲДАТ
Санаи 17- уми ноябри соли 2025, дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат бо иштироки раиси шаҳр муҳтарам Мирзо Исмоилзода ҷаласаи корӣ баргузор гардид.
Дар ҷаласа муовини якум, муовинон раиси шаҳр, роҳбари дастгоҳ, сардорони раёсат ва мудирони шуъбаҳову бахшҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, роҳбарони ташкилоту муассисаҳои шаҳрӣ ва раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти шаҳр иштирок намуданд.
Дар оғоз раиси шаҳр ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сухан ронданд. Ҳамчунин, дар кори ҷаласа оиди соҳаҳои кишоварзӣ, сайёҳӣ, маориф, пешгирӣ аз танбашавии нақлётҳо дар шоҳроҳ ва кӯчаҳои шаҳр, таъмир намудани роҳҳои деҳаю маҳалаҳо, бунёди корхонаҳои саноатӣ, ба ҷойи кор таъмин намудани аҳолӣ, сарфакорона истифоба бурдани неруи барқ, тоза намудани шоҳроҳҳо ва хиёбонҳои маркази шаҳр аз партовҳо, назорат бурдан оид ба савдои кӯчагӣ, инчунин ва дигар мавзуъҳо мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Ҳамзамон, раиси шаҳр муҳтарам Мирзо Исмоилзода вобаста ба ташвиқу тарғиби дастовадрҳои соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ, хизматрасонии соҳаи об, саноат, андозсупорӣ, вусъати корҳои идеологӣ, дастгирии соҳибкорон, омодагии хонандагон ба озмунҳои ҷумҳуриявӣ суханронӣ намуда, ба масъулон ҷиҳати ҳалли мушкилоти ҷойдошта дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Таъкид шуд, ки барои боз ҳам ободу зебо гардонидани шаҳр ва сазовор пешвоз гирифтани Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тамоми захираву имкониятҳои мавҷуда истифода карда, рушди соҳаҳои иқтисодӣ, истеҳсолӣ ва иҷтимоӣ таъмин карда шавад.
Гуфта шуд, ки барои истифодаи самараноки заминҳои кишти тирамоҳӣ, баланд бардоштани ҳосилхезии онҳо тадбирҳои иловагӣ андешида шавад.
Ҳамчунин дигар наворҳо:
Суханронӣ дар маҷлиси тантанавӣ ба ифтихори 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳамватанони азиз! Ҳозирини гиромӣ! Дар таърихи давлату миллатҳои ҷаҳон рӯйдодҳое ба вуқӯъ мепайванданд, ки сарнавишт ва роҳи минбаъдаи онҳоро муайян мекунанд. Чунин рӯйдоди муҳим дар таърихи
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Модар
Модарону бонувони муҳтарам ва хоҳарону духтарони меҳрубон! Мулоқоти идонаи мо ба ифтихори Рӯзи модар дар оғози фасли зебои баҳор, эҳёи тамоми мавҷудоти табиат ва арафаи таҷлили ҷашни Наврӯзи
Ироаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар»
Ироаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар»




