ДАР ШАҲРИ ВАҲДАТ ОИД БА ПЕШГИРИИ ҶИНОЯТ ВА ҲУҚУҚВАЙРОНКУНИИ НОБОЛИҒО ВОХӮРӢ ДОИР ШУД
Имрӯз бо ташаббуси Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии муҳим бо иштироки муовини аввали Сардори Раёсати огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ноболиғон ва ҷавонони ВКД ҶТ, полковники милитсия Умарҷони Эмомалӣ баргузор гардид.Дар ин вохӯрӣ ҳамчунин муовини раиси шаҳр муҳтарам Мирзозода Баҳриддин, Сардори Раёсати маориф, сардори Шуъбачаи огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ноболиғон ва ҷавонони ШВКД дар шаҳри Ваҳдат муҳтарам Раҳматзода Акмал, кормандони Шуъба, намояндагони Раёсати маориф, инчунин директорон ва ҷонишинҳои бахши таълимии муассисаҳои таълимии шаҳр иштирок намуданд.
Зимни мулоқот масъалаҳои мубрами марбут ба аҳамият ва моҳияти санаи 16 ноябр — Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, баланд бардоштани масъулияти падару модар дар назди фарзанд, пешгирии омилҳои хавфнок миёни наврасон, истифодаи оқилонаи фазои маҷозӣ, инчунин тақвияти ҳамоҳангии муассисаҳои таълимӣ дар самти таъмини амнияти ноболиғон мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Муҳтарам Умарҷони Эмомалӣ дар баромади худ таъкид намуданд, ки ҳамкории наздики сохторҳои дахлдор, омӯзгорону волидон ва ҷомеа дар пешгирии ҳар гуна қонуншиканӣ миёни наврасон нақши калидӣ дорад.
Дар фарҷоми чорабинӣ якчанд роҳбарони муассисаҳои таълимӣ ва ҷонишинҳои бахши таълимии онҳо бо Ифтихорномаи Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд, ки ин иқдом нишонаи қадршиносӣ аз фаъолияти содиқона ва саҳми арзандаи онҳо дар таҳкими тарбия ва тартиботи ҳуқуқӣ мебошад.
Ҳамчунин дигар наворҳо:
Суханронӣ дар маҷлиси тантанавӣ ба ифтихори 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳамватанони азиз! Ҳозирини гиромӣ! Дар таърихи давлату миллатҳои ҷаҳон рӯйдодҳое ба вуқӯъ мепайванданд, ки сарнавишт ва роҳи минбаъдаи онҳоро муайян мекунанд. Чунин рӯйдоди муҳим дар таърихи
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Модар
Модарону бонувони муҳтарам ва хоҳарону духтарони меҳрубон! Мулоқоти идонаи мо ба ифтихори Рӯзи модар дар оғози фасли зебои баҳор, эҳёи тамоми мавҷудоти табиат ва арафаи таҷлили ҷашни Наврӯзи
Ироаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар»
Ироаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар»



