Ба ифтихори Рӯзи Президент дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №95 чорабинӣ доир шуд

13 ноя 2025, 14:47
Слайдер / Маориф / Навид / Навигариҳо
3

 Имрӯз дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №95 ба ифтихори Рӯзи Президент ва 33-солагии Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинӣ баргузор гардид. 

Дар чорабинии мазкур муовини раиси шаҳри Ваҳдат Баҳриддин Мирзозода, сардори раёсати маорифи шаҳр Зиёратшоҳ Назрулозода, роҳбарони муассисаҳои таълимӣ, омӯзгорон ва дигар шахсон иштирок доштанд.  Зикр гардид: «Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зевари таърихномаи давлатдории навини миллат ва падидаи сарнавиштсози замони истиқлол маҳсуб мешавад. Ин рӯз барои ҳар шаҳрванди худогоҳу ватандӯст ва ҳар сокини озоду осудаи мамлакат ҷашни милливу худшиносӣ, бозгашт ба асолати таърихӣ ва баҳрабардорӣ аз мактаби давлатдории Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад».

Ҳамзамон, иброз гардид, ки ба 16 ноябр рост омадани ҷашни мубораки умумимиллӣ – Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бастагӣ ба он дорад, ки маҳз 16-уми ноябри соли 1994 Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори нахуст ҳамчун Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди халқу Ватан савганд ёд намуданд. Дар ҳамин сол дар аввалин Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки ба тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардид, шакли идоракунии Тоҷикистон ба шакли ҷумҳурии президентӣ иваз карда шуд.

Бо мақсади ҳифзи якпорчагии давлат ва баромадан аз буҳрони баамаломадаи сиёсӣ дар он марҳилаи ҳассосу сарнавиштсоз, ки мамлакати мо, пеш аз ҳама, ба сулҳу субот ва ваҳдату ягонагӣ ниёз дошт, низоми идоракунии президентӣ амалан бо мақсади тақвияти ҳокимияти иҷроия, афзудани самаранокии он, қабули фаврии қарорҳои идорӣ, такмили механизми татбиқи қонунҳо, таъмини қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ ба роҳ монда шуд.

Ҳамчунин, иштирокчиёни чорабинӣ  оид ба Рӯзи Президент ва 33-солагии Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон маърӯзаҳо хонаданд. Дар охир барномаи фархангӣ доир шуд.

Ҳамчунин дигар наворҳо: