ДАР ДЕҲАИ АДОЛАТ БО ФАЪОЛОН ВА СОКИНОНИ ОН БО "УСУЛИ ДЕҲА БА ДЕҲА" ВОХӮРӢ ДОИР ШУД
13-уми ноябри соли 2025 бо фаъолон ва сокинони деҳаи Адолати Ҷамоати деҳоти Гулистон вохӯрӣ баргузор гардид. Дар он мудирони шуъбаю бахшҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, аз ҷумла мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиш Шаҳноза Шарофиддинова, сардори шуъбаи кор бо занон ва оилаи МИҲД шаҳри Ваҳдат Давлатова Гулбаҳор, мудири бахши Хадамоти муҳоҷират дар шаҳр Сарабек Асозода, сармутахассиси шуъбаи ташкили ва кор бо кадрҳои ҲХДТ шаҳри Ваҳдат Фотима Табарова, ва Шакар Сангалиев, мутахассиси КФ КВД лоихакаш намояндаи шуъбаи сохтмон ва меъмори, намояндагон аз раёсати маориф, кишоварзии шаҳр, инчунин, дигар масъулон иштирок ва суханронӣ карданд.
Дар вохӯрӣ масъулин оид ба дастуру ҳидоятҳои Президенти мамлакат, ки зимни ироаи Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» ҷиҳати донишомӯзии ҷавонон, омӯхтани забонҳои хориҷӣ, таваҷҷуҳи зиёд додан ба фанҳои дақиқ, дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ, дар руҳияи ватандӯстӣ тарбия намудани насли ҷавон, ободии ҷумҳурӣ, ҳифзи амният ва оромии ҷомеа баён намуданд, сухан гуфтанд.
Ҳамзамон, зимни вохӯрӣ муҳтавои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» ва «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» бобати пешгирии ҳамроҳшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористию экстремистӣ, пешгирии қонунвайронкуниҳо байни занон ва ҷавонон, хурофотпарастӣ, худкуши, пешгирии савдои одамон сухан гуфта шуд.
Масъулин зимни вохӯрӣ вобаста ба баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, истифодаи дурусти фарҳанги телефонҳои мобилӣ, пешгирии ҳамроҳшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро, пешгирии либоси ба фарханги мо бегона, роҳ надодан ба таълимоти ғайрирасмии динӣ, тақвият бахшидани ҳисси худшиносию худогоҳӣ ва ватандӯстӣ, риояи намудани танзими анъана ва ҷашну маросим сухан ронда шуд. Маврид ба зикр аст, ки дар охир сокинон ба аъзои гурӯҳ саволҳо дода, барои чунин як суҳбати муфид арзи миннатдорӣ намуданд. Бояд гуфт, ки чунин вохӯрию мулоқотҳои гурӯҳи таблиғотӣ дар дигар кӯчаю маҳаллаҳи шаҳр идома дорад.
Ҳамчунин дигар наворҳо:
Суханронӣ дар маҷлиси тантанавӣ ба ифтихори 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳамватанони азиз! Ҳозирини гиромӣ! Дар таърихи давлату миллатҳои ҷаҳон рӯйдодҳое ба вуқӯъ мепайванданд, ки сарнавишт ва роҳи минбаъдаи онҳоро муайян мекунанд. Чунин рӯйдоди муҳим дар таърихи
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Модар
Модарону бонувони муҳтарам ва хоҳарону духтарони меҳрубон! Мулоқоти идонаи мо ба ифтихори Рӯзи модар дар оғози фасли зебои баҳор, эҳёи тамоми мавҷудоти табиат ва арафаи таҷлили ҷашни Наврӯзи
Ироаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар»
Ироаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар»




